Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳои Прага ба мизбонии Барак Обама


Шаҳри Прага ба боздиди нахустини Барак Обама раиси ҷумҳурии Амрико аз пойтахти Ҷумҳурии Чех омодагӣ мебинад. Нирӯҳои полис дар кулли манотиқи шаҳр мустақар шуда, ҳатто дар бомҳои сохтмонҳо снайперҳои худро омода кардаанд, ки барои таъмини амнияти раиси ҷумҳурии Амрико хизмат кунанд. Тадбирҳои амниятӣ шадид аст. Мақомот дар ҳарими ҳавоии Прага парвозҳоро манъ кардааст, дар макони аслии ҷаҳонгардии шаҳр ва майдони марказии Ватслав гурӯҳҳои полис гашту гузор мекунанд. Обама бояд шоми имшаб вориди Прага шавад ва фардо, якшанбе бо раҳбарони аврупоӣ дидору мулоқот карда суханронии муҳими худро дар заминаи ҳадафҳои расидан ба ҷаҳони бидуни силоҳи ҳастаӣ ироа кунад.
XS
SM
MD
LG