Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими вижаи НАТО дар пули байни Олмону Фаронса


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раҳбарони дигари НАТО имрӯз ба нишони ҳамраъйиву ваҳдат дар ин паймони низомӣ аз болои пуле, ки Олмону Фаронсаро ҷудо мекунад, гузар карданд. Аммо бо вуҷуди ин, дар миёни аъзои НАТО дар бархе масъалаҳои мисли Афғонистону ояндаи паймон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Муттафиқони аврупоӣ ба тавофуқ расиданд, ки дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи августи Афғонистон шумори нирӯҳояшонро дар ин кишвар густариш диҳанд. Маъмурияти Обама гуфт, ки батанҳоӣ нахоҳад тавонист бори низомии Афғонистонро ба дӯш гирад ва ба ширкати фаъолтари аъзои дигари ин паймони низомӣ даъват кард. Дар марҳилаи таҷлил аз 60-умин солгарди таъсиси Паймони Атлантикаи Шимолӣ имконоти нирӯҳои НАТО барои пирӯзӣ дар Афғонистон ҳамчун як имтиҳони ҷиддӣ арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG