Пайвандҳои дастрасӣ

Президент Обама вориди Олмон шуд


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ба Олмон расид, то дар ин ҷо дар арафаи таҷлил аз 60-солагии таъсиси Паймони Атлантики Шимолӣ дар ин ҷо бо садри аъзами Олмон Ангела Мепркел мулоқот кунад. Обама ба ин ҷо аз Страсбурги Фаронса ворид гашт, ки маҳфилҳои таҷлил аз солгарди НАТО дар он ҷо шурӯъ шуданд. Акнун таҷлил дар шаҳрҳои Баден-Баден ва Кёли Олмон идома мекунанд. Ин се шаҳри ҳамсояи ҳамдигар ҳоло дар тӯфони чораҳои амниятие афтодаанд, ки ҳазорон полисро ба мадори худ кашидааст. Интизор меравад, таҷлил аз НАТО мавҷи тазоҳуротро ба ин се шаҳр ҷалб хоҳад кард. Рӯзи якшанбе Обама ба Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG