Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти тарафдорони Янукович дар Киев


Наздик ба 20 000 нафар дар маркази Киев имрӯз бархӯрди ҳукумати Украин ба бӯҳрони иқтисодиро маҳкум ва барканории ин ҳукуматро талаб карданд. Эътирозгарон, ки асосан ба мухолифони рӯ ба Русия марбут буданд, бо нидоҳои хашмолуд дар баробари бинои ҳукумат, истеъфои сарвазир Юлия Тимошенко ва президент Виктор Юшенко талаб карданд. Тазоҳуроти имрӯза аз тарафи ҳизби Минтақаҳои сиёсатмадори тарафдори Русия, Виктор Янукович, созмон дода шудааст, ки интизор меравад, дар сабқати навбатии интихоботи президентии Украина ширкат кунад. Раисиҷумҳури Украин, Юшенко гуфт, омодааст, тарҳи баргузории интихоботҳои зудраси ҳам президент ва ҳам порлумонро баррасӣ кунад. Порлумони Украин интихоботи президентиро ба 25-уми октябр таъин кардааст.
XS
SM
MD
LG