Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вахш" қаҳрамонӣ мехоҳад


То оғози мавсими нави футболи кишвар ва дидори нахустини «Вахш» бо дастаи «Спитамен», ки як рӯзи дигар боқӣ мондааст, сӯҳбате доштем бо раиси бошгоҳи «Вахш» Мураббии шоистаи Тоҷикистон, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Исроил Шарифов ва сармураббии даста Устоди варзиши Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев.

Исроил Шарифов:

Дар бораи сарпарастон:
- Хушбахтона, бо кӯмаку дастгирии раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов дастаи мо соҳиби сарпарасти нави молиявӣ, яъне ширкати ҳолдинги «Исмоили Сомонӣ» гардид. Раҳматулло Саъдуллоев - роҳбари ин ширкат ваъда дод, ки панҷоҳ фисади хароҷоти дастаи «Вахш»-ро дар ин мавсим маблағгузорӣ мекунад. Ҳамчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 50 ҳазор сомонӣ ва ҳокимияти маҳаллии Қӯрғонтеппа ҳам барои дастигирии молиявии даста маблағ ихтисос додааст. Масалан, соли 2008-ум, ки даста бисёр ҳолати ногувор дошт, ҳукумати шаҳр ба мо 78 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Ҳарчанд ин маблағ наметавонист харҷномаи дастаро пӯшонад, вале кӯмаки саривақтие буд, ки дастаро аз барҳамхӯрӣ наҷот дод.
Харҷномаи дастаи мо дар соли гузашта ҳудуди як миллион сомониро ташкил медод, аммо бо назардошти бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, болоравии нарху наво дар ҳама гуна хизматрасониҳо ва роҳхарҷиҳо имсол дар ин харҷнома таҷдиди назар шудааст.
Ҳамчунин имсол нашрияи вилоятии «Ҳамрози халқ» сарпарасти иттилоотии мо шудааст ва умед дорем, минбаъд робитаҳои мо бо мухлисон аз тариқи ин нашрия боз ҳам беҳтар мешаванд.

Оид ба даъвати бозигарони нав:
- Аз дастаи барҳамхӯрдаи «Тоҷиктелеком» ба «Вахш» се бозигар даъват шуданд. Мутаассифона, шояд ҳамин бӯҳрони молиявӣ буд, ки ду дастаи дигар аз вилояти Хатлон «Тоҷиктелеком» ва «Саройкамар» аз идомаи муборизот дар лигаи олӣ даст кашиданд. Фозил Сатторов, Алексей Неъматов ва Маъруф Мастонов аз «Тоҷиктелеком», Нӯъмонҷон Ҳакимов, дастпарвари «Вахш» аз дастаи «Парвоз», Илҳомҷон Ортиқов аз «Регар» ТадАЗ ба дастаи мо баргаштанд. Аз клуби «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ бозигари пуртаҷриба Дилшод Ниҳоловро даъват кардем.
Ғайр аз ин, имсол аз дастаи «Энергетик»-и Душанбе Рустам Хоҷаев ва аз «Парвоз»-и Б. Ғафуров Субҳон Хоҷамов низ ба «Вахш» омаданд.
Имсол дар нимаи дуюми феврал сарпарастони мо маълум шуданд. Мо натавонистем, бозигарони дигар, аз ҷумла легионеронро ба «Вахш» даъват кунем. Ҳоло бо роҳбарияти ширкати «Исмоили Сомонӣ» машваратҳо дорем ва шояд дар соли оянда бо кӯмаки спонсорон мо легионеронро низ ба клуби худ ҷалб карда тавонем.

Оид ба ҳайати мураббиён:
- Вақте сармураббии даста Салоҳиддин Ғафуров ба дастаи «Истиқлол» рафт, ӯро дар дастаи «Вахш» дарвозабони маъруфи даста, собиқ узви тими мунтахаби кишвар Аслиддин Ҳабибуллоев иваз кард. Аслиддин шарафи футболи тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ ҳимоя намудааст. Ӯ таҷриба ва дониши хуб дорад. Фикр мекунам, барои мухлисони футбол Аслиддинро муаррифӣ намудан ҳоҷат нест, зеро ӯро хуб мешиносанд. Ҳамчунин Мубин Эргашев - собиқ сармураббии дастаи «Гвардия»-ро ба ҳайси мушовир ба бошгоҳи худ даъват намудем. Бояд гуфт, М. Эргашев мактаби олии мураббиёнро дар шаҳри Маскав хатм намуда, дар яке аз бошгоҳҳои маъруфи Испания - «Хетафе»-и Мадрид такмили ихтисос кардааст. Мо бовар дорем, ки ҳайати мураббиёни «Вахш» аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои дар назди даста гузошта бо сарбаландӣ мебароянд.

Аслиддин Ҳабибуллоев


Оид ба омодагии дастаи «Вахш» ва ҳадафи солонаи он:
- Албатта, барои пеши худ мақсад гузоштан, ки мо қаҳрамон мешавем, ҳам вақт ва ҳам тайёрии хуб дидан лозим аст. Мутаассифона, имсол аз сабаби набудани сарпараст мо натавонистем машқҳои худро сари вақт ва босифат оғоз намоем. Ба ин хотир, мо дер ба ин гуна тамринҳо сар кардем, дар моҳи март. Ҳарчанд лозим аст, ки моҳи ноябр аллакай тамринҳо шурӯъ шаванд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, агар чемпион ҳам нашавем, яке аз се ҷойи намоёнро хоҳем гирифт ва мухлисони худро шод менамоем.

Оид ба тақдири футболкаи № 97
- Он ки дар гузашта ҳамчун дарвозабон рақами 97-ро барои худ интихоб карда будам, рамз дошт. Яъне, ин ки якумин бор «Вахш» дар соли 1997 қаҳрамони Тоҷикистон шуда буд. Аммо ҳоло ба касе ҳамчун сармураббӣ монеа намешавам, агар бихоҳад, ки зери ин рақам ба майдон барояд. Мо на танҳо дарвозабонро, балки тамоми хатҳои бозиро хуб тайёр хоҳем кард. Ин андешаи, ки «Шояд Аслиддин намехоҳад, ки бозигаре дар «Вахш» дигар бо рақами 97 бозӣ кунад» дуруст нест. Барои банда фарқе надорад. Бигзор интихоб кунанд худашон. Рақами 97 аст ё 16, муҳим нест. Муҳим он аст, ки маҳорат нишон бидиҳанд ва дарвозаи дастаи худро аз гол эмин доранд.

Оид ба формулаи бозиҳои «Вахш»:
- Стратегияи бозии «Вахш» имсол чандон тағйир нахоҳад ёфт. Мо хати ҳимояро имсол пурзӯр намудем. Ба даста Рустам Ризоев - дарвозабон, Субҳон Хоҷамов ва Алексей Неъматов – ҳимоячиёнро даъват намудем. Инчунин бозигаре, ки ӯро ба қавли бародарони рус «универсал» мегӯянд, - Акмал Сабуровро, ки пеш ниммуҳофиз буд, ба хатти муҳофизат гузаронидем. Ба ғайр аз ин, хати муҳофизати моро бозигари пуртаҷриба, узви тими миллии кишвар Меҳроб Заурбеков раҳбарӣ мекунад. Вай ҳамчунин капитани даста аст.
Ҳамлагарони асосӣ айни замон Фозил Сатторов, Рустам Усмонов, Нӯъмон Ҳакимов ва бозигари ҷавон Умед Шарифов мебошанд.
«Вахш» бо ҳамон формулаи пешини худ - 4-4-2 ба майдон мебарояд. Дар бораи усули бозӣ бошад, тағйирот ҳаст ва насиб бошад, Шумо ва мухлисони мо рӯзҳои наздик онро дар майдон хоҳед дид.

Оид ба дастаи «Спитамен» - рақиби якумини «Вахш» дар чемпионат:
- Оид ба бозии дастаи «Спитамен» маълумоти зиёд надорам, аммо медонам, ки дастаи пурқувват аст. Дар ин даста бозигарони пуртаҷриба бисёранд. Ҳайати даста бо собиқ бозигарони хуби дастаи «Уротеппа»-и Истаравшан такмил дода шудааст. Ҳамчунин мегӯянд, ки баъзе футболбозони «Спитамен» аз ҷумҳурии Ӯзбакистон даъват шудаанд. Аммо мо кӯшиш мекунем, ки мухлисони «Вахш» шод шаванд. Бартарии мо дар он аст, ки бозии аввали худро дар майдони худ дар Қӯрғонтеппа доир мекунем.
XS
SM
MD
LG