Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Обама аз нишасти "G-20" дар Лондон


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, гуфт, вай умедвор аст, нишасти сарони 20 кишвари пешрафта ва дар ҳоли рушд ба як "нуқтаи чархиш" дар мубориза бо бӯҳронииқтисодии ҷаҳонӣ табдил меёбад. Дар нишасти хабарӣ, шоми панҷшанбе, Обама гуфт, раҳбарон рӯи як силсила барномаҳои бесобиқае ба созиш расиданд, ки бӯҳронро хоҳад боздошт ва аз такрори он пешгирӣ хоҳад кард. Раҳбарон ваъда доданд, ки бар зидди бӯҳрон 1 триллиону 100 миллиард доллар сармояро ба кор хоҳанд андохт, аз ҷумла 750 миллиард доллар ба Сандуқи байнулмилалии пул, 250 миллиард доллар барои густариши тиҷорати ҷаҳонӣ ва 100 миллиард доллар барои бонкҳои байнулмилалии рушд хоҳанд дод, то ба кишварҳои бенавотарин қарз бидиҳанд. Онҳо ҳамчунин тасмим гирифтанд, қоидаҳои молиявӣ ва таҳримҳоро бар зидди гурезгоҳҳои пулӣ қавитар кунанд.
XS
SM
MD
LG