Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳтимоли хушунатҳо дар интихоботи порлумонии Молдова


Нозирони интихоботи Молдова аз эҳтимоли хушунат ва хилофкориҳо дар интихоботи порлумони ин кишвар ҳушдор доданд.Александр Бабров аз созмони Назорати шаҳрвандӣ бар интихоботи соли 2009 гуфт, ширкати афроди мавриди пайгарди Интерпол дар сабқати интихоботӣ дар рӯихатҳои ҳизбӣ ҳамчунин мояи нигаронӣ мебошад. Лигаи ҳимоят аз ҳуқуқи инсон дар Молдова мегӯяд, бо сабаби хеле зиёд будани муҳоҷирони корӣ эҳтимоли тақаллуби раъйҳо дар берун аз Молдова хеле зиёд аст. Аз ҳар чаҳор шаҳрванди калонсоли Молдова яке дар хориҷ аз кишвар кор мекунад. Як нишонаи шиддат дар интихобот ин аст, ки президенти кишвар, намояндаи Ҳизби коммунисти Молдова, Владимир Воронин дар рафти намоиши телевизионӣ раҳбари Эътилофи "Молдоваи мо", Серафим Уречеануро "хук" номид.
XS
SM
MD
LG