Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи қаҳрамонии футбол оғоз меёбад


Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 4-уми апрел оғоз меёбад.

Дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ҳаждаҳумин давраи ин мусобиқа бо ширкати 10 даста дар ду давра баргузор хоҳад шуд. Ҳамаи даҳ варзишгоҳе, ки дар онҳо сабқати қаҳрамонӣ доир мегардад, барои баргузории бозиҳо комилан омодаанд. Давраи аввали мусобиқа то 3-юми июн идома хоҳад кард».

Дар нахустин даври мусобиқа 4-уми апрел дар Вазишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи ҷадиди лигаи олӣ «Истиқлол» бо тими «Равшан»-и Кӯлоб бозӣ мекунад. Дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа дастаи мизбон «Вахш» бо тими ҷадид «Спитамен»-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд рақобат хоҳад кард. Бозии севвуми даври аввал дар варзишгоҳи ноҳияи Шаҳринав байни ду дастаи шаҳри Душанбе - «Гвардия» ва ССКА «Помир» - баргузор хоҳад шуд.

Ду бозии дигари даври аввал рӯзи якшанбеи 5-уми апрел доир мегардад. Дастаи мизбон «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бо қаҳрамони феълии Тоҷикистон – тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода – рӯбарӯ мешавад. Дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Душанбе дастаи «Энергетик» бо тими меҳмон - «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – қувваозмоӣ мекунад.

Хонандагони гиромӣ! Маҷаллаи навбатии "Ҷаҳони Варзиш" ба вазъи футбол дар Тоҷикистон бахшида хоҳад шуд. Назари шумо ба вазъи кунунии футболи тоҷик чӣ гуна аст? Барои рушди минбаъдаи футбол дар кишвар чӣ назар доред? Бинависед!
XS
SM
MD
LG