Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чопи "Фарҳангу анъанаҳои Осиёи Марказӣ" дар ИМА


Дар Ню-Йорк китобе дар бораи фарҳанг ва расму оинҳои мардуми Осиёи Марказӣ ба фуруш баромад.

Муаллифи ин китоб профессори донишгоҳи Колумбия Рафиз Абазов дар пажӯҳишгоҳи Ҳаримани ин донишгоҳ бо таҳқиқотҳои илмӣ ва омӯзиши донишҷӯён машғул аст.

Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиёи Озодӣ оқои Абазов гуфт, ки яке аз мушкилиҳои Ғарб ва махсусан ИМА дар он аст, ки дониш рӯз ба рӯз ҷузъитар мегардад ва барои дарёфт кардани маълумот дар бораи, масалан, Тоҷикистон ҷӯянда бояд садҳо матолибро мутолиа кунад, ки дар китобҳои мухталиф ва дар китобхонаҳои гуногун ҷой дода шудаанд. Олимон дар айни замон ғолибан мавзӯъҳои маҳдуд ва хеле мушаххасро пайгирӣ мекунанд, масалан, проблемаҳои давлатигардонии солҳои 30-юм, ё вижагиҳои таҳсил дар солҳои 90-ми асри гузашта, аммо як тасвири умумӣ вуҷуд надорад.

Профессор афзуд “вақте ки ман бо ноширам сӯҳбат мекардам, мо ба фикре расидем, ки чи тавр мешавад, дар як ҷилди китоб манзараи яклухтро ба хонандагон пешниҳод кунем дар бораи фарҳанг. На фарҳангу оинҳои асри 18 ё 19, балки расму анъанаҳои имрӯзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистонро. Ва бо чунин афкор ман ин китобро офаридаам. Хонандае, ки ин китобро мутолиа мекунад, хоҳад донист, ки мардуми он кишварҳо байни худ чи тавр муомила мекунанд, зиндагиашон чи гуна аст, кадом мусиқиро гуш мекунанд. Масалан, кадом навъи мусиқӣ имрӯз дар Тоҷикистон машҳур ва маҳбуб аст. Дар бораи таърих дидгоҳи онҳо чист ва аз нуқтаи назари таърих бархурди онҳо бо ҳамсоягонашон чи гунааст?”

Оқои Абазов гуфт, ки китоб дар ИМА, Канада ва Бритониё ба чоп расид ва онро мешавад дар бузургтарин фурӯшгоҳҳои Аврупо ва Амрико харидорӣ намуд. Вай афзуд, ки ба ақидаи шахсиаш, ин китоб ба хонандаи ғарбӣ дар омухтан ва фаҳмиши ҷомеаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард ва аз дигар ҷониб сокинони Осиёи Марказӣ, агар онро бихонанд, дар бораи нигоҳи ғарбиён ба кишварҳояшон тасаввуроте пайдо мекунанд.

Китоби мазкур “Фарҳанг ва анъанаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ” унвон дорад ва аз ҷониби ширкати “Вестпоинт” дар Амрико ва “Гринвудпресс” дар Лондон ба чоп расидааст.
XS
SM
MD
LG