Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ пешкаши шумо мешавад. Нахуст ба шунавандагон хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳонро тақдим месозем.

Эстафета ё дави ҷаҳонии машъали олимпӣ лағв карда шуд. Ин қарор дар як ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар шаҳри Денвери Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабул гашт. Акнун этафета танҳо дар сарзамини кишваре, ки мизбони Бозиҳои олимпист, доир мегардад. Ҳарчанд ин қарор расман дар арафаи Олимпиадаи соли 2016 ба ҳукми иҷро медарояд, кумитаҳои тадорукоти Ванкувер-2010 ва Лондон-2012 дар ҳамин ҳол аз баргузории эстафета берун аз сарзамини кишварҳои худ даст кашиданд. Аз эҳтимол дур нест, ки кумитаи тадорукоти «Сочи-2014» низ чунин тасмим хоҳад гирифт.
Ба иттилоъи мудири иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ Жилбер Фелли ин қарор бо тадобири амниятӣ қабул шудааст.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар бораи фурӯши ҳаққи пахши телевизионӣ бо Телевизиони марказии Чин (ССТV) қарордод имзо кард. Бар асоси қарордод, ин ширкат ҳуқуқи пахши Бозиҳои зимистонаи Ванкувер -2010 ва Олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012-ро пайдо намуд.

Телевизиони марказии Чин ба тамоми навъи пахши бозиҳо, аз ҷумла тавассути Интернет ва телефонҳои мобилӣ низ ҳуқуқ дорад.
Раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Жак Рогге аз ин қарордод изҳори қаноатмандӣ карда, бо хушнудӣ иброз дошт, ки Кумитаи олимпӣ ҳамкориро бо Телевизиони марказии Чин идома медиҳад.

Раиси Телевизиони марказии Чин Жао Ҳуаёнг изҳор дошт, ки ба шарофати ин қарордод Бозиҳои олимпиро метавонанд 1 миллиарду 300 миллион бинанда тамошо кунанд.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ қоидаҳои нави мубориза алайҳи допинг ё доруи муҳаррикро, ки авохири соли гузашта WADA – Оҷонсии ҷаҳонии назорати допинг ҷорӣ кардааст, дастгирӣ менамояд. Ёдовар мешавем, бар асоси қоидаҳои нав варзишгарон бояд ба Оҷонсӣ дар муддати се моҳ ҳар рӯз дар бораи ҳадди ақал як соат дар куҷо будани худ хабар бидиҳанд. Агар варзишгарро дар ҷои нишондодааш 3 бор дар муддати 18 моҳ пайдо накунанд, ӯро ду сол аз мусобиқот хориҷ менамоянд. Ин муқаррароти ҷадид байни варзишгарон мавҷи интиқодотро ба вуҷуд овард. Ахиран Федеросиюни байналмилалии футбол – ФИФА ва Созмони футболи Аврупо – УЕФА ба қоидаҳои нав норозигӣ баён карданд ва изҳор доштанд, намегузоранд, ки онҳо нисбати футболбозон ба кор бурда шаванд.
Вале раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Жак Роге қавоиди ҷадидро дастгирӣ кард. Ба андешаи ӯ қоидаҳои нав дар мубориза алайҳи допинг кӯмак мекунанд. Вай, ҳамчунин, изҳор дошт, федеросиюнҳое, ки ба қабули қоидаҳои ҷадид мухолифанд, мумкин аст аз барномаи Бозиҳои олимпӣ хориҷ шаванд.

Сипас дар бораи мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзи шанбеи 4-уми апрел оғоз меёбад, нақл мекунем. Дар ин мавзӯъ, инчунин, сӯҳбате дорем бо Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон. Вай, аз ҷумла, гуфт, бӯҳрони молӣ ба бошгоҳи футболи «Регар» низ таъсир расондааст.

Дар ҳоле ки дастаҳои футболи Тоҷикистон ба мусобиқаи қаҳрамонии кишвар омодагӣ мебинанд, як зумра шогирдони футболи тоҷик дар бошгоҳҳои футболи Русия ва Узбакистон бозӣ мекунанд, ки дар ин бора ба шунавандагони маҷалла маълумот медиҳем.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG