Пайвандҳои дастрасӣ

Исломобод зарбаҳои амрикоиҳоро "бесамар" хонд


Мақомоти Покистон мехоҳанд ИМА-ро барои бесамар будани зарбаҳои мушакӣ ба пойгоҳҳои ошубгарон дар шимолу ғарби кишвар мутмаин созанд. Ба иттилоъи намояндаи вазорати умури хориҷаи Покистон, мақомоти кишвар ин мавзӯъро дар музокирот бо фиристодаи вижаи Амрико Ричард Ҳолбрук ба миён мегузоранд. Сафари ҷаноби Ҳолбрук ба Покистон ҳафтаи оянда доир мешавад. Ба ақидаи Исломобод, ҳамлаҳои низомиёни амрикоӣ ба шимолу ғарби кишвар истиқлоли Покистонро халалдор мекунанд. Низомиёни покистонӣ мегӯянд, ки шурӯӣ аз моҳи августи соли гузашта низомиёни амрикоӣ 35 бор зарбаҳои мушакӣ заданд, ки бар асари онҳо беш аз 350 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG