Пайвандҳои дастрасӣ

Қурмонбек Боқиев пойгоҳи "Манас"-ро баст


Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон, дирӯз зери қонун дар бораи лағви созиш бо 11 кишвари узви Эътилофи зиддитеррористӣ, ки аз пойгоҳи низомӣ дар фурудгоҳи Манас истифода мекарданд, имзо гузошт. Ин қонун рӯзи 6 март аз сӯи парлумони Қирғизистон пазируфта шуда буд. Аз ин пеш вакилони Жогорку Кенеш созиш бо ИМА дар бораи мустақаршавии низомиёни амрикоӣ дар фурудгоҳи “Манас”-ро лағв карда буданд. Тибқи ин санад, низомиёни ИМА бояд то рӯзи 20 августи соли равон қаламрави Қирғизистонро тарк намоянд. Пойгоҳи низомии амрикоӣ дар “Манас” барои таъмини нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон истифода мешуд.

XS
SM
MD
LG