Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либерман мавриди бозпурсӣ қарор гирифт


Вазири нави хориҷаи Исроил Авигдор Либерман дар робита ба тафтиши парванда оид ба ришват ва “шустушӯи пул” мавриди бозпурсии полис қарор гирифт. Ба иттилоъи намояндагони полис, бозпурсӣ беш аз 7 соат идома кард. Аз ин пеш Либерман ҳама иттиҳомот дар бораи ришватро рад мекард ва мегуфт, ки онҳо ангезаи сиёсӣ доранд. Авигдор Либерман, раҳбари ҳизби радикалии ростгарои “Хонаи мо Исроил” аст, ки ба эътилофи нави ҳукмрон шомил шудааст. Ӯ бо мавқеъи оштинопазири худ дар робита ба ҳалли низоъ миёни Исроил ва Фаластин машҳур аст. Рӯзи чаҳоршанбе, дар нахустин рӯзи кораш дар мақоми вазири умури хориҷа Либерман, аз ҷумла, эълом дошт, ки Исроил пойбанди созиши сулҳи Анаполис нест. Изҳороти вазири умури хориҷа боиси нигарониҳо аз сарнавишти раванди сулҳи Ховари Миёна гардид.
XS
SM
MD
LG