Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти G-20 ҷараён дорад


Раҳбарони кишварҳои сарватманди олам ва давлатҳои дар ҳоли рушд, мавсум ба G-20, имрӯз дар Лондон роҳҳои муқобила бо бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиро баррасӣ мекунанд. Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама ва нахуствазири Бритониё Гордон Браун, мизбони ин нишаст, изҳори умедворӣ карданд, ки дар ниҳояти рӯзи корӣ иштироккунандагон ба тавофуқе даст хоҳанд ёфт. Аммо Олмону Фаронса даъватҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои сарфи бештари маблағҳо бо ҳадафи пуштибонии иқтисод ва ҷорисозии муқаррароти шадидтари молӣ рад карданд. Як соҳибкори бритониёӣ Питер Манделсон гуфт, раҳбарони аъзои гурӯҳи G-20 ба таври қобили мулоҳиза маблағгузории Сандуқи байналмилалии пул ва дигар сохторҳои молиро афзоиш хоҳанд дод, аммо ҳамоно дар масъалаи ҳаҷми ин маблағҳо як навъ танише дар фазо эҳсос мешавад.
XS
SM
MD
LG