Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 20 ҷангӣ дар ҷануби Афғонистон


Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, ки дар паи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар манотиқи ҷанубии Афғонистон ҳудудан 20 ҷангӣ нобуд шуданд. Дар як изҳороти низомиён гуфта мешавад, ки артиши Афғонистон ва нирӯҳои эътилофии таҳти раҳбарии Амрико баъди он ба амалиёт ҷалб шуданд, ки даҳҳо ситезаҷӯён болои патрули пиёдагарде дар вулусволии Каҷакии вилояти Ҳилманд шабехун заданд. Дар пайи даргириҳои инҳафтаина дар ин минтақа 31 ҷангӣ кушта шуданд. Вилояти Ҳилманд паноҳгоҳи ҷангиён буда, тавлидкунандаи бузургтарини афюн дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Каҷакӣ маҳалли як сарбанди азими обию барқист, ки бо маблағгузории Амрико бунёд шудааст.
XS
SM
MD
LG