Пайвандҳои дастрасӣ

Асрори марги Ёсир Арафот дубора таҳқиқ мешавад


Як гурӯҳи табибони араб машғули таҳқиқи марги раҳбари пешини Фаластин Ёсир Арафот мешавад, ки соли 2004 даргузашт. Як қалбшиноси урдунитабор Абдуллоҳ Башир, раҳбари ин гурӯҳи тиббӣ, ки гуфт, ҳарчанд мулоқоти имрӯзаи табибон баргузор нашуд, аммо вохӯрии онҳо баъдтар ҳатман ташкил хоҳад шуд. Моҳи октябри соли 2004 Ёсир Арафот дар як қароргоҳи Каронаи Ғарбӣ дар бистари беморӣ ҷой дода шуд ва пасон аз он ҷо ба як шифохонаи фаронсавӣ интиқол гардид, ва баъдан дар ҳамон ҷо ҷон дод. Мақомоти фаластинӣ тахмин заданд, ки эҳтимол дорад вай аз ҷониби исроилиҳо заҳролуд шуда бошад, вале як таҳқиқоти нотамоми баъдии фаластиниҳо ин фарзияро рад кард. Инчунин дар ҳукми онҳо эҳтимоли гирифторшавии Арафот ба саратон ва СПИД низ тасдиқи худро наёфт. То имрӯз сабаби мушаххаси ҳалокати Арафот мушаххас нашудааст.
XS
SM
MD
LG