Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари мухолифин аз интихобот даст кашид


Омурбек Текебоев, раҳбари ҳизби сиёсии «Ота Макон»

Омурбек Текебоев, раҳбари ҳизби сиёсии «Ота Макон»

Омурбек Текебоев, раҳбари ҳизби сиёсии «Ота Макон», эълон кард, ки дар интихоботи президентии моҳи июл номзади худро пешбарӣ нахоҳад кард.

Ба гуфтаи оқои Текебоев, дар Қирғизистон интихоботҳо ғайриодилона мегузаранд. Омурбек Текебоев мегӯяд, равшан гашт, ки интихоботи қарибулвуқуи президентӣ зери фишору таъсири ҳукумат ва гурӯҳҳои ҷиноӣ баргузор хоҳад шуд. Вай гуфт, аз ин лиҳоз нерӯҳои мухолифонро зарур аст, ки худро қавӣ созанд.

Дар ҳамин ҳол мухолифони сиёсии президент Боқиев мегӯянд, иштирок накардани яке аз ҳаммаслакони онҳо дар интихоботи президентии моҳи июл маънои онро надорад, ки аҳзоби дигари сиёсии Қирғизистон дар интихобот ширкат намекунад. Ба гуфтаи раҳбарони мухолифони қирғиз, онҳо тасмим гирифтаанд, ки дар интихоботи моҳи июл бо номзади ягона ва қавӣ ширкат хоҳанд кард.

Тоболдӣ Акеров, яке аз коршиносони масоили сиёсии Қирғизистон, аз ширкат дар интихоботи қарибулвуқуи президентӣ даст кашидани раҳбари ҳизби Ота Макон Омурбек Текебоевро хатои маҳз арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ин коршинос, аз ширкат дар интихоботи президентӣ саркашӣ намудани Текебоев ва ё ба тарсу ҳарос афтодани ӯ эътиборашро дар миёни мардум фақат коҳиш хоҳад дод. Тоболди Акеров афзуд, вай чунин мешуморад, ки пешбарӣ накардани номзадии Омурбек Текебоев кори дуруст нест.

Бар асоси суханони коршинос Акеров, раҳбари ҳизби Ота Макон сиёсатмадори варзида ва соҳиби таҷрибаи бой гаштааст, аз ин лиҳоз аксарият вайро дар сафи пеши номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури кишвараш меҳисобанд.

Қубан Абдимен, коршиноси дигари қирғиз, мегӯяд, ки аз ширкат дар интихоботи президентӣ даст кашидани Омурбек Текебоев чанд суоли дигарро дар миёни намояндагони мухолифон ба бор хоҳад овард. Қубан Абдимен гуфт, вай бар ин ақида устувор аст, ки мухолифони низоми Боқиев се ё чаҳор номзади худро омода мекунанд. Ба гуфтаи ин коршиноси қирғиз, вале аз миёни онҳо якеро интихобан ба ҳайси номзад пешбарӣ хоҳанд кард.

Қубан Абдимен мегӯяд, аз эҳтимол холӣ нест, ки Бақит Бешимов, раиси ҷиноҳи ҳизби сосиал-демократ дар порлумони кишвараш, аз номи мухолифон барои ишғоли курсии раисиҷумҳур даъвогарӣ кунад. Ба таъкиди мавсуф, зеро Бешимов дар миёни таҳлилгарон аз ашхосе муаррифӣ шудааст, ки фикри худро озодона баён мекунад ва аз тарсу ҳарос низ орӣ аст.

Қубан Абдимен гуфт, вале агар мухолифони ҳукумат дар интихоботи қарибулвуқӯъ аз ҷануби кишвараш номзад пешбарӣ кунанд, шояд пирӯзӣ бар ҷониби онҳо шавад. Дар ҳамин ҳол Бақит Бешимов, раиси ҷиноҳи ҳизби сосиал-демократи Қирғизистон дар порлумон, гуфт, ки вай ба мақоми президентӣ шахси лоиқ хоҳад буд. Ба гуфтаи Бешимов, агар интихоботи президентӣ ҳатто дар фазои нимдемократӣ баргузор шавад ва ними мардум битавонад, ки раисиҷумҳури кишварашро худаш интихоб кунад, дар он сурат шонси намояндаи ҳукумат ҳадди минималиро ташкил хоҳад кард.

Бар асоси суханони Бақит Бешимов, гузашта аз ин, агар президент Боқиев ҷуръат кунад ва аз ширкат дар интихоботи қарибурвуқӯъ даст кашад, бо вуҷуди камбудиҳои зиёди ӯ аз Боқиев дар таърихи кишвараш номи нек боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG