Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Русияву Чин дар «Норак-Зиддитеррор – 2009»


Қарор аст дар ҷараёни тамринҳои низомии моҳи ҷорӣ дар Фахрободи Хатлон - Русия ва Чин низ иштирок кунанд. Ин тамринҳо тибқи қарори Шӯрои зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар рӯзҳои 17-19 апрели имсол баргузор мешавад. Ширкати воҳидҳои низомии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ дар ин машқҳо дар назар аст, ки ҳамроҳ бо Чину Русия аъзои созмони Шонгҳой ҳастанд. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати мудофеаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо гуфтааст, ки ҳадаф аз машқҳо "омода кардани нирӯҳо барои муқобила бо терроризми байналмилалӣ, тундгароии сиёсӣ ва ҷудоихоҳӣ" мебошад. Ин машқҳо зери унвони «Норак-Зиддитеррор – 2009» дар ду навбат баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG