Пайвандҳои дастрасӣ

Либерман сулҳро бо халъи силоҳи Ҳамос марбут донист


Вазири нави умури хориҷаи Исроил дар як изҳороти имрӯзааш гуфт, ки то замони таҳти контроли Ҳамос будани Навори Ғазза дастёбӣ ба пешравӣ дар музокироти сулҳ мушкил хоҳад буд. Авигдор Либерман дар сӯҳбат бо нашрияи Haaretz гуфт, ки ба хотири пешравӣ дар музокироти сулҳ "фаластиниҳо пеш аз ҳама бояд зидди террор мубориза бурда, назоратро аз болои Ғазза ба даст оваранд ва Ҳамосро халъи силоҳ кунанд". Рӯзи чоршанбе Либерман гуфт, ки аз назари вай кишвари ӯ побанди ҳеҷ як қарордоде бо Фаластин дар заминаи шурӯи музокирот барои ташкили давлати Фаластин нест. Раҳбарони Исроил ва Фаластин дар ин замина дар як конфронси Аннаполис соли 2007 ба тавофуқ расиданд, ки бо мизбонии Амрико ҷараён гирифтааст. Либерман гуфт, ки ҳукумати вай танҳо муваззаф аст, ки ӯҳдадориҳои худро тибқи нақшаи байналмилалии "харитаи роҳ"-и соли 2003 иҷро кунад. Санади мазкур аз фаластиниҳо хатми ҳамлаҳо болои Исроилро қабл аз расидан ба дараҷаи ниҳоии музокирот, яъне пеш аз ташкили ҳукумати Фаластин тақозо мекунад. Харитаи роҳ аз Исроил тақозо мекунад, ки фаъолиятҳои марбут ба шаҳраксозиро масдуд карда постҳои ғайримуҷозро бардорад. Рӯзи чоршанбе Кохи Сафед гуфт, ки барои ҳамкорӣ бо назардошти мавқеи ҳарду ҷониб омода аст.
XS
SM
MD
LG