Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави дин мавриди амал қарор гирифт


Қонуни нав «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар нашрияи расмии ҳукумат - «Ҷумҳурият» нашр шудааст ва аз имрӯз ба баъд мавриди амал қарор мегирад.

Тарҳи нави қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диниро ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон ба тасвиб расонд ва он боиси нигаронии бархе созмонҳои динӣ ва дифоӣ аз ҳуқуқи инсон дар дохил ва хориҷи кишвар шуд. Таҳлилгарон дар хориҷ ва дохили Тоҷикистон ин қонунро чаҳорчӯби маҳдудкунандаи озодии эътиқод унвон карда буданд.

Тибқи муқаррароти қонуни нав, аз ин ба баъд шаҳрвандон намозу ибодатро танҳо дар масҷидҳо, хонаҳои худ ва ҳамчунин дар зиёратгоҳҳо ва қабристонҳо метавонанд анҷом бидиҳанд. Ашхоси дар беморхонаҳо, осоишгоҳҳо, хонаҳои пиронсолону маъюбон ва зиндон буда, барои анҷом додани ибодат ва расму оинҳои динӣ бояд иҷозат бигиранд.

Ҳамчунин тибқи қонуни нав, «масҷидҳои ҷомеъ дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 10 ҳазор то 20 ҳазор нафар аҳолӣ доранд.
Дар шаҳри Душанбе масҷидҳои ҷомеъ дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 30 ҳазор то 50 ҳазор нафар аҳолӣ доранд. Масҷидҳои панҷвақта дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 100 то 1000 нафар аҳолӣ доранд.

Дар шаҳри Душанбе масҷидҳои панҷвақта дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 1000 то 5000 нафар аҳолӣ доранд. Имомхатибон ва имомони масҷидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин интихоб карда мешаванд».
XS
SM
MD
LG