Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқид аз қонуни нав барои шиаён дар Афғонистон


Раҳбари дафтари СММ дар умури ҳуқуқи башар аз қабули қонуни нав барои мусалмонони шиамазҳаби Афғонистон ва ба вижа дар мавриди таъсири он ба ҳуқуқи занон изҳори нигаронӣ кард. Қонуне, ки ҳанӯз чоп нашудааст, аз тасвиби парлумон гузашта, тибқи гузоришҳо, аллакай онро раиси ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай имзо кардааст. Тибқи гузоришҳо, қонуни мазкур таҷовузи оилавиро иҷоза дода, зани шиаеро, ки бидуни ризоияти шавҳараш аз хона берун мешавад, муҷозот мекунад. Раиси комиссиюни СММ дар умури ҳуқуқи башар Нави Пиллай гуфт, ки қонуни мазкур "як қадами хеле бузургест, ки ба самти иштибоҳӣ гузошта мешавад" ва афзуд, ки он даврони Толибонро дар солҳои 1990 ба ёд меорад. Ҷомеаи шиамазҳаби Афғонистон ҳудудан 10 дарсади сокинони ин кишварро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG