Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Саркозиву Ҷинтао дар масъалаи Тибет


Раиси ҷумҳуриҳои Фаронсаву Чин дар ҳошияи нишасти гурӯҳи G-20 дар Лондон масъалаи танишҳо дар мавриди Тибетро баррасӣ карданд. Николя Саркозӣ ва Ҳу Ҷинтао қабл аз шурӯи ин нишаст дидору гуфтугӯе анҷом доданд. Мулоқоти соли гузаштаи Саркозӣ бо Далай Лама, раҳбари рӯҳонии Тибет, ки дар табъйид ба сар мебарад, хашми Чинро барангехт. Пекин дар пай нишасти Иттиҳодияи Аврупоро, ки моҳи декабр баргузор шуд, бекор кард. Он замон раҳбарии давраии ин созмонро Фаронса ба ӯҳда дошт. Аммо рӯзи чоршанбе ду раҳбар эълон карданд, ки ният доранд ба баҳсу даъвоҳо хотима бахшида музокироти баландпояро аз нав шурӯъ кунанд.
XS
SM
MD
LG