Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии муштзани тоҷик дар бокси ҳирфаӣ


Варзишгари тоҷик Шералӣ Маҳмадалиев дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бар рақибаш Игор Филонов аз рӯи имтиёз пирӯзӣ ба даст овард.

Муштзани тоҷик, ки тӯли ду соли ахир дар Русия ба сар мебарад, дар бокси ҳирфаӣ дар ҳамаи чаҳор қувваозмоӣ бар рақибонаш дастболо шудааст. Ёдовар мешавам, як моҳ пеш Шералӣ Маҳмадалиев бар Сергей Старкови рус аз рӯи имтиёз ғолиб гашта буд.

Акбари Раҳмон байни 32 нафар 18-ум шуд

Теннисбози ҷавони тоҷик Акбари Раҳмон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасони то 14-сола дар Индонезия иштирок кард.

Ибод Шарифӣ, муовини раиси Федеросиюни тенниси Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа 32 нафар беҳтарин теннисбозони ҷавони 15 кишвари қора ширкат доштанд.

Акбари Раҳмон бо 24 имтиёз аз 14 нафар пеш гузашта, дар ҷои 18-ум қарор гирифт.

Натоиҷи мусобиқаи теннисбозони ҷавони тоҷик

Мусобиқаи теннисбозони ҷавони тоҷик бахшида ба Наврӯз дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар гурӯҳи варзишгарони то 13-сола Нодира Муллоҷонова миёни духтарон ва Сарват Рузиматов байни писарон ҷойҳои аввалро касб карданд.

Сабқати варзишгарони то 16-сола бо пирӯзии Лера Кочетова миёни духтарон ва Сонет Исроилов байни писарон хотима ёфт.
XS
SM
MD
LG