Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди низомиёни Кореяи Шимолӣ


Низомиёни Кореяи Шимолӣ таҳдид карданд, ки дар сурати ҳатто як кӯшиши ҷузъие барои боздоштани мушаке, ки бояд дар чанд рӯзи оянда партоб шавад, интиқом хоҳанд ҷуст. Оҷонсии расмии ин кишвар аз қавли як мақоми давлатӣ гуфт, ки таҳдид ба вижа зидди Ҷопон, ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ равона шудааст. Кореяи Шимолӣ гуфт, ки ният дорад дар яке аз рӯзҳои 4-8 апрел мушакеро ба мадор партоб кунад. Аммо Ҷопон ва ИМА мегӯянд, ки нақшаи партоб дар асл бо ҳадафи озмоиши мушаки дурпарвози ин кишвар амалӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, CNN гузориш дод, ки Кореяи Шимолӣ ба сӯхтгирии мушак шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG