Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи бозиҳои сабқати Ҷоми ҷаҳон-2010


Натиҷаи бозӣ бо дастаи Боливия барои Диего Марадона, сармураббии дастаи Аргентина, ҳайратовар буд

Натиҷаи бозӣ бо дастаи Боливия барои Диего Марадона, сармураббии дастаи Аргентина, ҳайратовар буд

Бозиҳои даври 7-уми сабқати ниҳоии интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар минтақаи Осиё, ки 1-уми апрел баргузор шуданд, бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд:

Гурӯҳи «А» - Австралия – Узбакистон – 2:0 (голҳо: Ҷошуа Кеннеди, 66,
Харри Кюэлл, 73, пенолти),
Баҳрайн – Қатар – 1:0 (Фаузӣ Муборак Айш, 53),

1. Австралия – 13 имтиёз (5 бозӣ). 2. Ҷопон – 11 (5). 3. Баҳрайн – 7 (6).
4. Узбакистон – 4 (6). 5. Қатар – 4 (6).

Бозиҳои боқимонда: 6-уми июн - Қатар - Австралия, Узбакистон - Ҷопон, 10-уми июн – Ҷопон – Қатар, Австралия – Баҳрайн, 17-уми июн – Баҳрайн –Узбакистон, Австралия - Ҷопон.

Гурӯҳи «В» - Кореяи Ҷанубӣ - Кореяи Шимолӣ - 1:0 (Ким Че Ву, 87),
Арабистони Саъудӣ - Аморати Муттаҳидаи Араб – 3:2 (Абду Атеф, 4, пенолти, Фарес Ҷумъа, 70, гол ба дарвозаи дастаи худ, Наиф Хазазӣ, 83 – Муҳаммад Ал-Шеххӣ, 38, Исмоил Матар, 45+1).

1.Кореяи Ҷанубӣ - 11 (5). 2. Кореяи Шимолӣ - 10 (6). 3. Арабистони Саъудӣ - 10 (6). 4. Эрон – 6 (5). 5. Аморат – 1 (6).

Бозиҳои боқимонда: 6-уми июн - Аморат – Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ - Эрон, 10-уми июн – Эрон – Аморат, Кореяи Ҷанубӣ – Арабистони Саъудӣ, 17-уми июн – Арабистони Саъудӣ – Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ - Эрон.

Аз бозиҳои сабқати интихобии манотиқи дигар натиҷаи ғайричашмдошт дар бозии Боливия ва Аргентина ба чашм расид. Ин дидор бо пирӯзии дастаи мизбон – Боливия – бо ҳисоби 6:1 хотима ёфт. Бояд гуфт, ки дар сабқати интихобии минтақаи Америкаи Шимолӣ Аргентина таҳти раҳбарии сармураббӣ Марадона байни 10 даста бо 19 имтиёз (12 бозӣ) пас аз Парагвай (24 имтиёз), Бразилия (21) ва Чили (20) дар ҷои чаҳорум мебошад. Боливия бо 12 имтиёз дар ҷои 9-ум қарор дорад. Дирӯз Бразилия бар Перу бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.

Дар бозиҳои дигари сабқати интихобии минтақавии Ҷоми ҷаҳон-2010, аз ҷумла дастаҳои ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ - Эстония дар майдони худ бар Арманистон бо ҳисоби 1:0, Латвия бар Люксембург бо ҳисоби 2:0, Русия дар сафар бар Лихтенштейн бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Укроин дар меҳмонӣ аз Инглистон бо ҳисоби 1:2, Молдова аз Швейтсария бо ҳисоби 0:2, Литва аз Фаронса бо ҳисоби 0:1, Қазоқистон дар майдони худ аз Беларус бо ҳисоби 1:5 шикаст хӯрданд. Бозии Гурҷистон бо тими меҳмон – Монтенегро – бидуни гол поён ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG