Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти G-20 шурӯъ шуд


Раҳбарони кишварҳои сарватманди олам ва давлатҳои дар ҳоли рушд, мавсум ба G-20, имрӯз дар Лондон роҳҳои муқобила бо бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиро баррасӣ мекунанд. Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама ва нахуствазири Бритониё Гордон Браун, мизбони ин нишаст, изҳори умедворӣ карданд, ки дар ниҳояти рӯзи корӣ ба тавофуқе даст хоҳанд ёфт. Аммо Олмону Фаронса даъватҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои сарфи бештари маблағҳо бо ҳадафи пуштибонии иқтисод ва ҷорисозии муқаррароти шадидтари молӣ рад карданд. Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама пеш аз шурӯи нишаст ишорае ба эҳтимоли пеш омадани ихтилофи назар дар миёни ширкатдорон кард ва гуфт:

"Ман комилан мутмаинам, ки ин нишаст зарурати ҳамкориро барои муқобила бо мушкилоти мазкур инъикос хоҳад кард. Ҷудоӣ дар миёни гурӯҳҳои мухталифи дахил дар масъала дар дараҷаи аз ҳад зиёд баланд қарор дорад".

Рӯзи чоршанбе, дар арафаи нишаст ҳазорҳо тазоҳургарон дар хиёбонҳои Лондон раҳпаймоӣ карданд. Чандсад нафари онҳо бо полис задухӯрд карда дар маркази молии Лондон тирезаҳои бонкеро шикастанд. Полис гуфт, ки дар ин намоишҳои эътирозӣ як нафар аз мӯътаризин ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG