Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матолиби нави нашрияҳои Душанбе


Ин ҳафта аксар нашрияҳои чопи Душанбе ба таъсири бӯҳрони молӣ ба кисаи сарватмандон, интизориҳо аз паёми навбатии раисҷумҳур ба порлумон ва боз ҳам ба тафсиру вокунишҳои қонуни нави дин пардохтаанд.

“Азия-Плюс” аз афроди дорои кишвар пурсидааст, ки то куҷо бӯҳрони молӣ ба тиҷорати онҳо зарар овард. Ба қавли Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, намояндаи Шӯрои мудирони ширкати “Пахта” дар ноҳияи Ваҳдат, бӯҳрон ба тиҷорати ӯ зарбаи сахт ворид кард. Вай гуфтааст, агар солҳои қаблӣ барои панҷ ҳазор ҳектор замини пахта маблағгузорӣ мекард, аммо имсол натавонистааст ақаллан барои як ҳектор замин ҳам сармоя гузорад. Ба гуфтаи ҷаноби Тӯраҷонзода, ҳоло онҳо ба иллати шиддати бӯҳрон беш аз дусад коргари худро ба рухсатии бемӯҳлат фиристодаанд.

Аммо Нурулло Усмонов, раҳбари ширкати “Нур” ва аз муваффақтарин тоҷирони шимоли Тоҷикистон, ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки бӯҳрони молӣ мустақиман ба тиҷорати ӯ халал ворид накард. Вале ӯ бо ишора ба зараре, ки ҳамкорони хориҷияш аз бӯҳрони молӣ дидаанд, таъсири он дар минбаъдаро аз эҳтимол дур надонистааст.

Беҳзод Файзуллоев, раҳбари ширкати мобилии “Вавилон-Мобайл” ҳам аз ҷумлаи онҳоест, ки бӯҳрони молӣ ба холишавии кисаи ӯ таҳдид мекунад. Вай мегӯяд, баробари шурӯъи бӯҳрон муштариёни онҳо низ харҷи худ барои гуфтугӯйи телефониро коҳиш додаанд. Ҷаноби Файзуллоев агарчи дақиқ нагуфтааст, ки то ҳоло ширкаташ аз бӯҳрони молӣ чи миқдор осеб дидааст, аммо гуфтааст, ки онҳо низ тарҳи муқобала бо бӯҳрони молиро рӯйи даст доранд ва дар доираи он харҷи худро камтар хоҳанд кард.

“Азия-Плюс” дар матлабе дигар аз оғози фалаҷшавии кори ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” хабар додааст. Нашрия мегӯяд, ин ширкати мухобиротӣ дар шимоли Тоҷикистон дар шароити бӯҳронӣ тасмим гирифтааст, ки ҳудуди коргарони худро ихтисор кунад. Бо ин вуҷуд, нашрия натавонистааст дар бораи вазъи воқеъии ин ширкат аз раҳбарони он ва намояндагони Вазорати роҳу мухобироти Тоҷикистон посухи дақиқ дарёфт кунад.

Аксари назардиҳандагон дар ҳафтаномаи сиёсии “Нигоҳ” низ изҳори умед кардаанд, ки дар паёми имсолаи президент ба порлумон беш аз ҳар мавзӯъи дигар ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ таваҷҷӯҳ мешавад. Саймуддин Дӯстов, коршиноси тоҷик, гуфтааст, мушкилоти иқтисодӣ дар паёми имсолаи Раҳмон метавонад дар ҷойи аввал бошад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, иҷрои стротежии поин бурдани мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон танҳо дар рӯйи коғаз боқӣ монда ва риштаи пунбапарварӣ ҳам футур рафтааст.

“Нигоҳ” ҳамчунин блоки иқтисодии ҳукумати Тоҷикистонро, ки фарогири вазирон Ғулом Бобозода, Сафаралӣ Наҷмуддинов, Гул Шералӣ, Қосим Қосимов ва Абдураҳими Ашӯр аст, танқид кардааст. Абдуғанӣ Мамадазимов, раҳбари сиёсташиносони Тоҷикистон, вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддиновро ба унвони заъифтарин узви ҳукумати Раҳмон донистааст, ки то ҳол барномаи мушаххаси зиддибӯҳрониро муаррифӣ накардааст. Дар ҳоле ки мавзӯъи бӯҳрони молӣ ва асари он ба гуфтаи ӯ бештар аз ним сол аст, ки дар Тоҷикистон баҳс мешавад ва таъсири нахустини он ҳам аз назарҳо пинҳон намондааст.

“Наҷот” ин ҳафта назари Муҳммадшариф Ҳимматзода, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар бораи қонуни нави дин чоп кардааст. Ҷаноби Ҳимматзода мухолифаташ бо чордаҳ банди ин қонунро изҳор карда ва бознигарии онро зарур донистааст. Вай гуфтааст, ин қонун саҳван ва ё амалан аз сӯйи он мақомдороне таҳия ва омода шудааст, ки талаботи имрӯзаи ҷомеъаро бароварда намесозад.

Ва ин дар ҳолест, ки Саймурод Фаттоев, мушовири давлатии Раҳмон, ба ҳафт эроди диндорон дар бораи қонуни нави дин дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” посух додааст. Вай нигарониҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва рӯҳониёни кишварро бепоя хонда ва қонуни нави динро мувофиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ донистааст, ки ба гуфтаи ӯ эътиқоди ҳич нафареро халалдор намекунад.
XS
SM
MD
LG