Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Федератсион: муҳоҷирон бояд забон омӯзанд


Шӯрои Федератсиони Русия тарҳеро таҳия кард, ки ба Қонун дар бораи вазъи ҳуқуқи муҳоҷирон тағйирот ворид мекунад. Ҳадафи ин тарҳ - омӯзиши забони русӣ аз сӯи хориҷиёнест, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Владимир Слутскер, раиси Комиссиюни муттаҳида оид ба сиёсати миллӣ ва равобити давлату иттиҳодияҳои мазҳабии Шӯрои Федератсион ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки “қабули ин тарҳ ба пойн рафтани нобоварӣ ва хушунат миёни мардуми маҳаллӣ ва муҳоҷирони корӣ мусоидат хоҳад кард”. Мавзӯъи дар куҷо ба таҳсили забони русӣ фаро гирифтани муҳоҷирон алҳол баррасӣ мешавад. Владимир Слутскер афзудааст, муҳоҷироне, ки соҳиби муҷаввизи давлатӣ оид ба забони русӣ мешаванд, метавонанд на барои як сол, балки барои ду сол иҷозаи кор дарёфт намоянд.
XS
SM
MD
LG