Пайвандҳои дастрасӣ

Петреус аз вазъи Афғонистон нигарон аст


Дэвид Петреус, сарвари Ситоди марказии фармондеҳии Амрико, изҳор намуд, ки вазъ дар Афғонистон торафт сангинтар мешавад. Зимни суханронӣ дар баррасиҳо дар Сенат ӯ гуфт, ки мухолифини ҳукумати марказии Кобул ҳарчӣ фаъолтар мешаванд ва онҳо айни ҳол бахши аъзами манотиқи ҷанубу шарқи Афғонистонро таҳти назорат доранд. Ба гуфтаи Дэвид Петреус, ҳалли ин мушкил ҳузури тулонӣ ва устувори Амрико дар Афғонистонро талаб дорад.
Ҳафтаи гузашта Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, тарҳи нави стратегияи ИМА дар Афғонистонро муаррифӣ кард ва изҳор намуд, ки ба ин кишвар ба таври иловагӣ беш аз 20 ҳазор низомиён ва ҳамчунин мутахассисону дипломатҳои амрикоӣ фиристода мешаванд.
XS
SM
MD
LG