Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Лондон нишасти "Гурӯҳи 20" шурӯъ мешавад


Имрӯз сарони 20 кишвари пешрафтаи саноатии олам дар Лондон мавзӯъи бӯҳронии сартосарии иқтисодиро баҳсу баррасӣ мекунанд. Дар арафаи ин нишаст Сандуқи байнулмилалии пул эълом дошт, ки тибқи пешгӯиҳо, соли равон тақрибан 50 миллион нафар аз мардуми сайёра ба таҳдиди бекорӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Нишасти Лондон дар ҳоле баргузор мешавад, ки раҳбарони кишварҳои пешрафта дар мавриди ҷилавгирӣ аз амиқрафти бӯҳрон назари мухолиф доранд. ИМА хостори афзоиши харҷ ҳамчун таҳрикдиҳандаи иқтисод аст ва бештари кишварҳои аврупоӣ хостори танзими қавитари бозори пул ҳамчун монеаи идомаи фурӯпошиянд.
Дар ҳамин ҳол намоишҳои эътирозӣ алайҳи нишасти “Гурӯҳи 20” ҳарчӣ густардатар мешаванд. Дирӯз садҳо намоишгарон ба дафтари яке аз бонкҳои Бритониё ҳамла карданд. Бар асари бархурди полис ва тазоҳургарон чандин нафар аз ҳарду ҷониб маҷрӯҳ шудаанд. Полис даҳҳо ширкаткунандагони намоишҳоро боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG