Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахрибгари муҷассамаи Ленин маълум шуд


Масъулияти тахриби муҷассамаи Ленин дар шаҳри Санкт-Петербургро гурӯҳи то имрӯз номаълуми “Дастаи ҷангии Залесие” бар дӯш гирифт. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, изҳороти ин гурӯҳ дар вебсайтҳои миллатгарои Русия интишор шуд. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки гурӯҳ нобудсозии муҷассамаҳои раҳбарони шуравӣ, ва қабл аз ҳама, Ленинро идома хоҳад дод.
Ба асари инфиҷори субҳи чаҳоршанбе ба муҷассамаи Владимир Ленин дар Санкт-Петербург осеби ҷиддӣ расид. Дирӯз шаҳрдорӣ эълом дошт, ки муҷассамаро таъмир мекунад ва ба ин хотир 236 ҳазор доллар ихтисос дода мешавад. Ин муҷассамаи Ленин дар шаҳри Санкт-Петербург ҳанӯз моҳи ноябри соли 1926 гузошта шуда буд.
XS
SM
MD
LG