Пайвандҳои дастрасӣ

"Яблоко" аз ҳамла ба дигарандешон нигарон аст


Ҳизби “Яблоко”-и Русия дар як баёния хушанат алайҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар ва хабарнигорони мустақилро “ситезаҷӯӣ алайҳи ҷомеъа ва давлат” унвон кард. Дар ин баёния омадааст, ки куштори хабарнигори рӯзномаи "Гражданское согласие" Сергей Протозанов ва латукӯби ҳомии ҳуқуқи башар Лев Пономарёв баёнгари чигунагии сиёсати феълии Русия аст. Раҳбарони “Яблоко” навиштаанд, ки таҳдид ба намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва мухолифин дар Русия ба як амри маъмул табдил шудааст.
Ахиран Созмони дидбони ҳуқуқи башар "Amnesty International" низ аз мақомоти Русия даъват кард, ки хушунат алайҳи ҳомиёни ҳуқуқи башарро маҳкум кунад ва ба тафтиши мустақилони ҳамлаи ахир ба Лев Пономарёв мусоидат намояд. Раҳбари ҷунбиши “Барои ҳуқуқи инсон”Лев Пономарёв шоми дирӯз дар канори манзилаш дар шаҳри Маскав мавриди лату кӯби афроди ношинос қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG