Пайвандҳои дастрасӣ

Албания ва Хорватия узви НАТО шуданд


Албания ва Хорватия расман ба узвияти НАТО пазируфта шуданд. Маросими супурдани аснод ба ҳайатҳои ин кишварҳо рӯзи чаҳоршанбе дар Вошингтон баргузор шуд. Дар ин маросим муовини вазири умури хориҷаи ИМА Ҷеймс Стейнберг ширкат дошт. Албания ва Хорватия соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои узви Паймони Атлантикаи Шимол дар шаҳри Бухарест барои вуруд ба ин эътилофи низомӣ даъват шуданд. Акнун ба НАТО 28 кишвари Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Осиё шомиланд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG