Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон изҳороти Клинтонро рад кард


Теҳрон изҳороти Котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон дар бораи мулоқоти тарҳрезинашудаи намояндагони воломақоми Амрико ва Эрон дар чаҳорчӯби конфаронси байнулмилалӣ дар шаҳри Ҳейги Ҳоландро рад кард. Дирӯз дар поёни ин нишаст, ки ба баррасии мавзӯъи таъмини амният дар Афғонистон бахшида шуд, хонум Клинтон гуфт, фиристодаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрук ва ноиби вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Маҳдӣ Охунзода сӯҳбати кӯтоҳ ва ғайрирасмӣ доштанд ва дар он тасмим гирифта шуд, ки тамосҳои ду ҷониб идома пайдо кунанд. Вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин ба ширкати ҳайати Эрон дар ин нишаст баҳои баланд дод ва онро чун “паёми мусбат барои ҳамкориҳои минбаъда” арзёбӣ кард.
Ва аммо намояндаи вазорати умури хориҷаи Эрон Ҳасан Қашқавӣ ба хабаргузории Меҳр гуфт, ки “дар долонҳои конфаронс ягон мулоқот ваё музокироти расмӣ ё ғайрирасмӣ миёни намояндагони расмӣ ё ғайрирасмии Эрон ва Амрико сурат нагирифтааст”. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки “ягон нома аз ҷониби Амрико ба Эрон ироа нашудааст”.
Дар конфаронси Ҳейг ҳайатҳои 70 кишвар ва созмонҳои байнулмилале ширкат доштанд, ки дар эҳёи Афғонистон саҳм мегиранд.
XS
SM
MD
LG