Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Медведев дар Лондон мулоқот карданд


Баъд аз мулоқот бо Гордон Браун-нахуствазири Бритониё Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар Лондон бори аввал бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия мулоқот кард. Ин мулоқот дар остонаи мулоқоти Ҷӣ-20 баргузор шуд. Баъд аз мулоқот Обама ва Медведев эъломияи муштарак мунташир сохтанд. Дар эъломия омадааст, онҳо мехоҳанд қабл аз хатми мӯҳлати Созишномаи коҳиши аслиҳаи стротегӣ дар 5-ӯми декабр як қарордоди нави ҳастаӣ ба имзо расонанд. Дар миёни масоили дигар масъалаи Ирон низ баррасӣ шудааст. Медведев гуфт, вай ба ояндаи муносиботи Русияву Амрико хушбин аст. Обама гуфт, вай даъвати Медведевро пазируфтааст ва моҳи июл аз Маскав боздид мекунад.

XS
SM
MD
LG