Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии БАБР ба бонкҳои Тоҷикистон


Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд бо ишора ба бӯҳрони саросарии иқтисодӣ эълом дошт, ки дар се соҳаи барои Тоҷикистон муҳим - кишоварзӣ, энергетика ва бонкдорӣ соли ҷорӣ 12 пружаро бо маблағи 70 миллион доллар маблағгузорӣ хоҳад кард.

Оливйе Декамп, мудири бахши соҳибкории Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд, пас аз мулоқоташ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бахши аслии ин кӯмакҳо барои тақвияти фаъолияти молии бонкҳои Тоҷикистон масраф хоҳад шуд. Ба қавли оқои Декамп, ин ба он хотир аст, ки бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирон бонкҳои тиҷоратии кишвар ба камбуди шадиди захоири молӣ рубарӯ шудаанд. Оқои Декамп мегӯяд, кӯмакҳои ин бонк ба соҳаи бонкдорӣ то андозае ба имкони пардохтпазирии бонкҳои кишвар дар шароити бӯҳрони молиявӣ мусоидат хоҳад кард.

Мудири бахши соҳибкории Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд афзуд, ки сармоягузорӣ дар бахши хусусӣ аз авлавиятҳои ин бонк маҳсуб мешавад ва ин ниҳоди молии байналмилалӣ тибқи оинномаи худ наметавонад барои кӯмак ба буҷаи Тоҷикистон маблағ ихтисос бидиҳад. Аммо новобаста аз ин, ба гуфтаи вай, раёсати Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд бо таваҷҷӯҳ ба пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, дар ояндаи наздик мавзӯъи тахсиси кӯмакҳои билоиваз ба давлати Тоҷикистонро матраҳ хоҳад кард. Вале ин кӯмакҳо аз ҳисоби баҳраҳои бадастовардаи бонки мазбур ироа хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулони Бонки аврупои бозсозӣ ва рушд гуфта буданд, ки ин муассисаи байналмилалии молӣ ба мисли созмонҳои дигари молии байналмилалӣ то замони таъмини шаффофият дар фаъолияти корхонаҳои азими кишвар мисли корхонаи алюминиюми Тоҷикистон мавсум ба ТАЛКО бо Тоҷикистон ҳамкорӣ нахоҳад кард.

Акнун Оливйе Декамп иллати афзоиши кӯмакҳои Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд ба Тоҷикистонро ба мулоқоти ахири раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти аврупоӣ зимни сафараш дар Белгия рабт медиҳад. Вай мегӯяд, дар паи сӯҳбатҳои Раҳмон бо мақомоти аврупоӣ ин бонк дубора ҷиҳати кӯмак ба Тоҷикистон тасмим гирифтааст. Оқои Декамп ҳамчунин эълом дошт, ки соли ҷорӣ ин муасиссаи молии байналмилалӣ ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон барои таъсиси чанд ширкати коркарди тавлидоти кишоварзӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар маблағ ихтисос хоҳад дод. Вай ҳамчунин гуфт, ки бо назардошти бӯҳрони энержии чанд соли ахир дар Тоҷикистон, Бонки аврупои бозсозӣ ва рушд тасмим гирифтааст барои бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ба ин кишвар кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG