Пайвандҳои дастрасӣ

Николай Гогол якуми апрели соли 1809 дар губернияи Полтаваи Украина ба дунё омадааст. Асарҳои Николай Гогол ба монанди «Мертвые души», «Ревизор», «Тарас Бульба» ва ғайра аз серхонандатарин асарҳо дар ҷаҳон ба шумор омада, дар ҳоли ҳозир низ дар театрҳои мухталифи ҷаҳон аз рӯи ин осори адабии нависанда намоишҳои театрӣ ба намоиш гузошта мешавад ва ин асарҳо дар ҳоли ҳозир низ аҳаммияти худро аз даст надода, муассир ба ҳисоб меояд.

Александр Авдеев, вазири фарҳанги Русия имрӯз дар оромгоҳи нависанда, воқеъ дар қабристони Навадевичи шаҳри Маскав ин нуктаро таъйид кард ва гуфт:
«Мо ҳама бо асарҳои Гогол бузург шудем ва осори вай то имрӯз дар робита ба ҳаёт ва фаъолияти мардуми Русия ва Украина ва шеваҳои давлатдорӣ дар ин кишварҳо муассир боқӣ мондааст.»

Андрей Кончаловский, коргардони машҳури Ҳолливуд низ муассир боқӣ мондани осори адабии Николай Гоголро таъйид карда, гуфт, фарқияти ин нависанда аз дигарон дар он аст, ки ҳадафи аслии осораш муҳаббат ба инсон аст. «Қаҳрамони аслии Гогол дар осораш чуноне ки худи ӯ навиштааст, хандае аст, ки гиряҳоро рӯпӯш мекунад. Хандае, ки ҷои яъсу ноумедиро мегирад. Ин яке аз хислатҳои аслии Николай Гогол аст.»

Осори бадеии Николай Гогол ба мардуми тоҷик низ ошност. Асарҳои Николай Гогол ба тоҷикӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Дар мадориси Тоҷикистон осори Николай Гогол омухта мешавад. Ҳамчунин, осори вай дар замони Шӯравӣ ва дар ҳоли ҳозир низ дар саҳнаҳои театр ба намоиш гузошта мешавад. Барзу Абдураззоқов, ҳунарманди саршиноси тоҷик таассуроташ аз осори Гоголро чунин тавзеҳ дод: «Ҳозир худи ман низ дар бораи «Ревизор»-и Гогол андеша дорам ва ба назари ман дар театри ҷавонон низ дар фикри намоиши Гогол ҳастанд. Ман фикр мекунам Гогол беҳтарин нависандаи Русия аст, ҳатто ӯ беҳтар аз Толстой, Достоевский ва Чехов аст. Дар ҷаҳон стилистикаи Гоголро ҳеҷ кас надорад. Гогол қариб ки ягона нависандаест, ки аз хондани асарҳои ӯ хаста намешавам.»

Бузургдошти Николай Гогол дар Русия, Украина ва дигар кишварҳо, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ таҷлил мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки сомонаи интернетии Гугл дар Русия ба муносибати бузургдошти Николай Гогол дар зодрӯзи нависанда барои як рӯз ба Гогол табдил ёфтааст ва дар навиштаи Гогол бинии дарози Гогол ба чашм мерасад.
XS
SM
MD
LG