Пайвандҳои дастрасӣ

25 октябр-рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина


Порлмони Укроин барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи октябр рай дод. Ин интихобот нисбат ба вақте, ки пешбинӣ шуда буд, зудтар баргузор мешавад ва он нишонаи мухолифат ба президент Виктор Юшенко арзёбӣ мешавад. Аз 450 намояндаи порламон 401 нафар ба ҷонибдорӣ аз интихобот рай доданд ва хостори баргузории ин интихобот дар 25-ӯми октябри соли ҷорӣ шуданд. Қаблан мақомоти расмӣ мегуфтанд, ки интихобот моҳи январи соли 2010, баъд аз хатми мӯҳлати раёсати Юшенко баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG