Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯҳияи ҷангӣ" дар Лондон


Дар ҳоле ки раҳбарони 20 кишвари пешрафта ва дар ҳоли рушд, мавсум ба Гурӯҳи 20 ё G-20 барои баррасии роҳҳои бурунрафт аз бӯҳрони ҷаҳонӣ дар Лондон ҷамъ меоянд, ба ақидаи коршиносон, сангинтарин вазифа бар дӯши мизбони ҳамоиш - сарвазири Британия, Гордон Браун, меафтад.

Бо ташкили ин ҳамоиш вай, акнун вазифадор аст, Иёлоти Муттаҳидаро бо Аврупо оштӣ бидиҳад ва ин ҳам дар ҳоле ки ихтилоф миёни ду ҷониб, пас аз изҳороти президенти Фаронса, Никола Саркозӣ, зоҳиран торафт амиқтар мешавад. Саркозӣ гуфт, агар Амрико ба мавзеъгирии Аврупо розӣ нашавад, вай толори ҳамоишро намоишкорона тарк хоҳад кард. Раҳбари Фаронса афзудааст, Олмон низ ба ҳамин андеша аст ва ба тарҳи эъломияи нишасти G-20 розӣ нест.

Тафовути асосӣ дар байни Амрико ва Аврупо интихоби бархӯрд бо бӯҳрон аст. Амрико хостори афзоиши харҷ ҳамчун таҳрикдиҳандаи иқтисод ва Аврупо хостори танзими қавитари бозори пул ҳамчун монеаи идомаи фурӯпошист. Ҳарчанд раисҷумҳури Амрико, Барак Обама ин баҳсҳоро камаҳамият номид ва коршиносон бар инанд, ки бо вуҷуди фарқҳои усулӣ ширкаткунандагони нишаст ба натиҷаҳои мусбат хоҳанд расид, хабарҳое ки аз имрӯз сар карда, ба толори ҳамоиш мерасанд, ба иттилооти ҷангӣ шабоҳат доранд.


- коргарони фаронсавӣ чаҳор мудири худро дар корхонаи булдозерсозии Катерпилларбарои 24 соат гаравгон гирифтанд.
- ҳукумати Шведсия хабар медиҳад, ки коҳиши иқтисоди он 4,2 дарсадро ташкил хоҳад дод.
- бекорӣ дар 16 кишвари минтақаи евро дар моҳи фервал ҳашту ним дарсад афзоиш ёфт.
- қурби йен, пули Ҷопон ва саҳмияҳо дар бозори он боло меҷаҳад.
- Чин барномаи нави ангезиши иқтисодиро қабул кард.
- нархи нафт коҳиш меёбад.
- додситонҳо ба пажӯҳиши сирқати молӣ дар ширкатҳои Мишелин, Адидас ва Элф сар карданд.


Ҳолати ҳарбиро инчунин тазоҳуроти антиглобалистҳо ва чораҳои шадиди амниятӣ дар Лондон таҳкими бештар медиҳанд. Таҳдиди Саркозӣ, ки гуфтааст, агар Обама тарҳи Фаронсаву Олмонро напазирад, толорро тарк хоҳад кард, низ рӯҳияи ҷангӣ дорад.

На танҳо фазои берун, балки баҳсҳои дохил низ интизор меравад, муҳиму сангин бошанд. Пеш аз ҳама ваъда шудааст, ки ба Сандуқи байнулмилалии пул сармояи бештаре гузошта шавад, ба хотири кӯмак ба кишварҳо. Интизор меравад, Гурӯҳи 20 тасмим бигирад, то дороии сандуқ ду баробар бештар шуда, ба 500 миллиард доллар бирасад. Эҳтимолан, сармоягузорӣ ба Бонки рушди Осиё низ афзоиш ёбад.

Як масъалаи дигар низ то андозае кишварҳои гуногунро дар муқобили ҳам қарор медиҳад, ки ин паноҳгоҳҳо аз андоз аст. Бархе аз
Барак Обама: "дар ҷазираҳои Кайман дар як бино 12 000 корпоратсия мавҷуд аст. Ё ин бузургтарин бино дар ҷаҳон аст ва ё бузургтарин фиреб дар ҷаҳон."
кишварҳо, махсусан дар Аврупо, бо таъсиси минтақаҳои "оффшор" ё таҳтуллафзан "дур аз соҳил" ба пулдорон имкон медиҳанд, бо интиқоли даромади худ ба ин ҷо аз назорати ҳамаи давлатҳо берун бимонанд ва молиёте пардрохт накунанд.

Раймонд Бейкар, мудири созмони Шаффофияти ҷаҳонии молиявӣ дар Вашингтон мегӯяд, ними тиҷорат ва сармояи ҷаҳон ё дар оғози кор ё дар анҷоми он аз дохили ин системаи пӯшида мегузарад. Бейкар мегӯяд, агар дар солҳои 1950 дар ҷаҳон ҳамагӣ 5 минтақаи озод аз андоз мавҷуд буд, ҳоло шумораи онҳо ба 90 адад расидааст. Вай Люксембург, Австрия, Сингопур ва бархе аз ҷазираҳои ба авом ношиноси назири Кайман дар Баҳри Карибро намуна меорад. Зуҳури ин манотиқ аз он ҷост, ки кишварҳои кӯчак молиёти ночиз мегиранд, зеро ба буҷаи бузург эҳтиёҷ надоранд. Давраҳои бӯҳронӣ сармояи ҷаҳонӣ дар ин ҷо монанди урдугоҳи паноҳандагон рӯ-рӯи ҳам зам мешавад. Масалан, дар соли 1998, ҳангоми фурӯпошии пули Русия, 70 миллиард доллари ин кишвар ба ҷазираи Науру интиқол ёфт. Ҳамин ҳоло дар ҷазираҳои Кайман 10 000 хазинаҳои бима ва нафақа вуҷуд дорад, ки аз они сарватмандтарин афроди дунёянд.

Президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ахиран гуфт, "дар ҷазираҳои Кайман дар як бино 12 000 корпоратсия мавҷуд аст. Ё ин бузургтарин бино дар ҷаҳон аст ва ё бузургтарин фиреб дар ҷаҳон."

Дар нишасти Бистгона дар Лондон талошҳое хоҳанд шуд, зидди чунин паноҳгоҳҳои пул таҳрим эълон шавад, аммо маълум нест, чӣ таҳрим, зеро мубориза бо ин падида осон нахоҳад буд. Ричард Ҷекман аз Донишгоҳи иқтисодии Лондон мегӯяд, ба ҳар сурат сарони мамолик тарафдори чораҳои танзими шадидтари молиявӣ хоҳанд буд.

Протектионизм ё низоми ҳимоят аз тавлидоти дохилӣ яке аз масъалаҳои дигари нишаст хоҳад буд. Дар мулоқоти гузашта, дар моҳи ноябр, кишварҳо ваъда дода буданд, ки аз чунин чораи зидди тиҷорати озод кор нахоҳанд гирифт, аммо 17 кишвар аз ҳамин гурӯҳи 20 дар се моҳи гузашта шаклҳои гуногуни протектионизмро истифода карданд. Ба ин тартиб, ҷаласаи Лондон ба ҳамон андозае ки сарнавиштсоз аст, ба ҳамон андоза шикастпазир низ мебошад. Соли 1933 конфронси молиявӣ ва иқтисодии ҷаҳон дар Лондон дар давраи Яъси Бузург ё Депрессияи Кабир ба натиҷае нарасида, аз ҳам пошида буд.
XS
SM
MD
LG