Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама:Барои рафъи бӯҳрон ҳамкории саросарӣ зарур аст


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико имрӯз гуфт, ки ҳамаи кишварҳо масъул ҳастанд, якҷо бӯҳрони сартосарии иқтисодиро рафъ созанд. Обама, ки ҳоло барои ширкат дар ҳамоиши кишварҳои Гурӯҳи 20 ё Ҷӣ-20 дар Лондон ба сар мебарад, гуфт, кишварҳо бояд ба заминаҳои муштарак таваҷҷуҳ зоҳир кунанд на ба " ихтилофоти муваққатӣ". Вай зимни суханони худ дар нишасти хабарии муштарак бо Гордон Браун-нахуствазири Бритониё гуфт, хеле зуд бояд тасмим гирифт. Обама дар бораи

масъалаҳои матруҳа дар мулоқот чунин гуфт:

"Ҳамаи масъалаҳо баррасӣ мешаванд, аз Афғонистону Эрон гирифта то масъалаҳое, ки бештари вақти мо ин ҷо дар Ҷӣ-20 сарф мешавад. Ман фикр мекунам, ки дар ин ҷо имкони бузург барои ҳамоҳангӣ вуҷуд дорад ва мо ба ҳамин талош мекунем".

Шоми имрӯз мулоқоти раҳбарони кишварҳои Ҷӣ-20 бо зиёфати корӣ оғоз мешавад ва рӯзи панҷшанбе кори худро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG