Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси вилояти Бадахшон Қодир Қосим гуфтааст, ягона шаҳри бедарвозаи кишвар – Хоруғ бояд дар зудтарин фурсат соҳиби дарвоза шавад.

Ба манзури шиносоӣ бо чунин шоҳкориҳо, ки таи солҳои охир дар манотиқи кишвар сохта шудаанд ва таҷрибаандӯзӣ ба мутахассисон супориш шудааст, ки ба бӯҳрони молиявӣ нигоҳ накарда, сафар кунанд. Як манбаъ, ки раиси вилоятро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, акнун меъморон аз шаҳрҳои Кӯлоб, Данғара ва Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ дидан намуда, бо илҳом ва таассурот аз диданиҳо лоиҳаи дарвозаҳои ояндаро пешниҳод хоханд кард.

Муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ Абдулло Холиқназаров гуфт, дарвозаҳои шаҳр «тилоӣ» ва гаронхарҷ нахоҳанд шуд. Вай афзуд, Хоруғ назар ба ҳамтоёни дигари худ дар ҷумҳурӣ аз имконоти молии камтар бархурдор мебошад ва дарвозаҳо чун рамзи шаҳрдорӣ ва меҳмоннавозӣ мутобиқ ба шароит ва вазъи бӯҳронӣ бунёд гардида, дар сохтмони онҳо бештар оҳан ва сангҳои ороишии маҳаллӣ истифода мешаванд.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, дарвозаи нахустин меҳмонон ва мусофирони роҳи Душанбе-Хоруғро пешвоз мегирад ва дар оянда дар се самти роҳҳои хамлу нақле, ки ба маркази вилоят мепайванданд, чунин дарвозаҳо арзи вуҷуд хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, масъулини идораи «Помирнақлиёт» мегӯянд, дар Дашти Шери ноҳияи Дарвоз нахустин дарвозаи сангин ва оҳанини Бадахшонро ба истифода доданд. Сардори идора Шамсмуҳаммад Назриев изҳор дошт, ки ягона дарвозаи мавҷуд ва бар асари даргириҳо харобшуда, дар вокуниш ба матолиби рузномаҳо, ки Бадахшонро минтақаи бедарвоза хондаанд, ба таври оҷил барқарор шудааст.

Ба сохтмони дарвозаҳои оҳанин ва сангин дар Бадахшон дар ҳоле иқдом шудааст, ки Бадахшон «дарвозаи тилои»-и Тоҷикистон эълом шудааст.
XS
SM
MD
LG