Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳмони маҷаллаи мусиқии Ояндасоз-мюзик Ойсел, овозхони озарӣ ва ширкатдори озмуни Eurovision 2009 аст. Ойсел дар ин озмун бо овозхони эронӣ Ораш ҳунарнамоӣ мекунад ва бисёр умедвор аст, ки пирӯзиро ба даст оварда, даври навбатии ин озмуни бонуфузро дар Озарбойҷон баргузор хоҳад кард. Ойсел 19 сол дорад, мегӯяд, ки аз чаҳорсолагӣ машқи суруд карда, баъдан дар мактаби касбии мусиқӣ хондааст. Мегӯяд, ки дар наврасӣ ба озмунҳои зиёди мусиқӣ рафтаву ҷойҳои баландро касб кардааст. Вай ширкатдори озмуни мусиқии "Ситораи нав" дар телевизиони маҳаллии АТВ буда, баъдан дар озмуни ҳунарии Eurovision-и Озарбойҷон иштирок кардааст. Январи соли ҷорӣ ӯ барандаи ин озмун дар кишвараш шуд ва ҳамакнун шонси хубе дорад, то ки кишварашро дар даври имсолаи Eurovision дар Маскав муаррифӣ кунад. Ойсел дар сӯҳбати хосе бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз тарзи интихоби оҳанги озмун, ҳамкориаш бо Ораш ва интизориҳои худ аз натиҷаҳои озмун нақл кард.

Оё мутмаин ҳастед, ки метавонед озмуни Eurovision-ро барои соли оянда ба Озарбойҷон бубаред?

"Бале, ҳатман! Ман метавонам пирӯз шавам, ман инро бисёр мехоҳам. Ман бовар дорам, ки ин корро карда метавонам. Чунки агар шумо ба худ бовар накунед, ҳеҷ кор буд намешавад! Ман ва Ораш воқеан ҳам бовар дорем, ки пирӯз хоҳем шуд. Ва мо ҳама талошамонро ба харҷ хоҳем дод, то ки ҳунарнамоии мо дар беҳтарин шакл сурат гирад".

Ҳамкориатон бо Ораш чӣ тавр ҷараён мегирад? Аслан чӣ тавр шуморо ба ҳамдигар шинос карданд?

"Баъди он ки маро барандаи озмуни миллии Eurovision эълон карданд, мо озмуне барои интихоби таронаи беҳтарин эълон кардем. Чунки мо суруде барои хондан дар Eurovision надоштем. Ораш ҳам баъд дар озмуни таронаҳо иштирок карду, суруди худро бо номи Always хонда, ба озмун фиристод. Ва ҳайати доварон, мардум гуфтанд, ки ин суруди хеле хуб аст ва биёед хондани онро ба шакли дуэт иҷоза диҳем. Баъди ин мо бо Ораш аз наздик шинос шудем, ин сурудро машқ карда ҳамроҳ хондем ва ҳамкории мо аз ҳамин шурӯъ шуд".

Ҳамкориатон чӣ тур пеш меравад?

"Ҳамкорӣ бо Ораш шигифтангез аст. Чунки пеш аз ҳама вай худаш як инсони хуб асту мутахассиси кори худ мебошад. Вай заҳмати зиёд мекашад ва ҳоло мо ҳарду ҳам бисёр кор мекунем, аммо ҳамкорӣ бо вай хеле осон аст".

Шумо аллакай дар сафарҳои ҳунарии худ дар Словакияву Русия ин оҳангро муаррифӣ кардед ва онро тамошобинон чӣ тавр қабул карданд? Оё ин суруд ҳамчун таронаи воқеии пирӯзӣ садо дод ё на?

"Дар воқеъ, бале, хуб қабул шуд. Мо дар асл бо ин тарона дар консертҳои худ дар Русияву Словакия як машқ кардем, як тамрин кардем. Эҳсоси мо хеле хуб буд ва мо ҳис кардем, ки мардум ин оҳангро дӯст доштанд, тарзи рафтори мо дар саҳна ва чизҳои дигарро хуб қабул карданд. Рӯҳия куллӣ хеле хуб буд".

Ман дар баъзе сомонаҳо дидам, ки ҳаводорон ин оҳанг ва тасмими ба англисӣ суруда шудани таронаи шуморо бо Ораш, яъне на ба забони озарӣ зиёд баҳсу баррасӣ карданд, баҳс хеле доғ шудааст. Назари шумо чист дар ин замина?

"Аслан дар озмуни Eurovision бисёриҳо ба забони англисӣ иҷро мекунанд. Чунки англисӣ як забони байналмилалӣ аст ва ҳама мафҳуми оҳангро мефаҳманд. Ман ба ин фикр нестам, ки мушкилот ё баҳси шадиде дар заминаи англисӣ будани матни тарона пеш омада бошад. Ман ин ҷо мебинам, ки баъди нашри видеоии клипи мо мардум онро хуш пазируфтанд. Ба назарам ҳамааш хуб аст".

Ман дидам, ки бо ин вуҷуд шумо ба тарзи тақдими оҳанги худ каме ранги озарӣ ҳам додед, манзури ман бо тори миллӣ навохтани Ораш аст.

"Бале-бале, дуруст мегӯед. Тор як асбоби миллии мусиқист дар Озарбойҷон. Ва фикр мекунам, ин фикри хеле дуруст буд, ки пораи оҳанги торро дар тарона ворид кунем. Чунки ба назари ман оҳанг як андоза асроромез ва ҷолибтар садо медиҳад. Аз ин рӯ, бале, мо торро низ дар тарона истифода кардем".

Бале, хеле хуб садо додааст. Ба назари шумо, оё киҳо рақибони аслии шумо дар озмун мешаванд?

"Ба назари ман ҳеҷ кас, ба қавле хатарнок нест. Чунки ҳама ҳунармандони хуб ҳастанд. Мо кӯшиш мекунем бохушнудӣ ҳунарнамоӣ кунем, то ки ҳама хушҳол шаванд. Мо фақат се дақиқа дар ихтиёр дорем, ки бояд ин се дақиқаро ба дақиқаҳои хушбахтиву фараҳ табдил диҳем ва ман намехоҳам, ки дар ин лаҳзаҳо дар бораи рақибон фикр кунем".

Хуб, акнун биёед дар бораи худ маълумот диҳед. Англисиатон хуб аст ва шумо пеш аз сӯҳбат ба ман гуфтед, ки забонро аввал дар мактаби миёна ва пасон дар тӯли як соли дар Амрико буданатон аз рӯи як барномаи табодули мактабиён он ҷо омӯхтаед. Ҳоло дар куҷо таҳсилро идома медиҳед?

"Ман дар донишгоҳи забонҳои хориҷии Озарбойҷон таҳсил мекунам. Ман дар соли сеюми факултаи равобити байналмилалӣ мехонам ва дар баробари исми дипломатия инчунин забонҳои англисӣ, испанӣ, русӣ ва озариро меомӯзем. Рости гап, ҳоло вақти серкории мо аст ва мо ҳоло фақат бо омодагиҳо ба озмуни Eurovision машғул ҳастем. Яъне барои истироҳату хушгузаронӣ вақт надорем, рости гап".



Ин духтари хушчеҳраву хушсадои озарӣ дар поёни сӯҳбат гуфт, ки бо сурудҳои Рашид Бейбутов, Муслим Магамаев, Лутфиёр Имонов бузург шуда, тавассути оҳангҳои онҳо ба ҳунари овозхонӣ майлу рағбати зиёд пайдо кардааст. Барои ҳаводорони барномаҳои мусиқии радиои Озодӣ Ойсел як пора оҳанги маъруфи озариро ба забони модариаш тақдим кард, ки метавонед онро аз Ояндасоз бишнавед.
XS
SM
MD
LG