Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ва Зардорӣ дар Анкара бо ҳам музокира мекунанд


Имрӯз Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ-руасои ҷумҳури Афғонистон ва Покистон ҳамкориҳои бештар барои мубориза бо шӯришиёни Толибонро баррасӣ мекунанд. Музокироти ҷонибҳо дар Анкара-пойтахти Туркия бо миёнҷигарии Абдулло Гул-раиси ҷумҳури Туркия анҷом мегирад. Баъд аз он ки Кобул Исломободро барои камфаъолиятиаш дар ҷилавгирӣ аз убуру мурури Толибон аз Покистон ба хоки Афғонистон муттаҳам кард, муносиботи ин ду кишвар сард шуд. Аммо Покистон ин суханонро қабул надорад ва мегӯяд, аз соли 2002 ба ин сӯ 1 500 нафар сарбозонаш дар задухӯрдҳо бо Толибон кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG