Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Обама ва Браун дар остонаи мулоқоти Ҷӣ-20


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва Гордон Браун-нахуствазири Бритониё дар остонаи мулоқоти раҳбарони Гурӯҳи 20 ё Ҷӣ-20 дар Лондон бо ҳам мулоқот мекунанд. Аз Обама ва Мишел-хонуми вай дар иқоматгоҳи ҳукуматӣ, ки бо номи Давнинг Стрит машҳур аст, Гордон Браун ва хонумаш Сара пазироӣ карданд. Дар охири имрӯз дар Лондон ҳамчунин Барак Обама ва Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар ҳошияи ҳамоиши Ҷӣ-20 бори аввал бо ҳам мулоқот мекунанд. Интизор меравад, ки Медведев ва Обама дар бораи оғози музокирот роҷеъ ба паймони муоҳидаи нави ҳастаӣ ризоят диҳанд.

XS
SM
MD
LG