Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи баъзе хабарҳо, баъд аз тасвиби қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ иҷрои бархе талаботи он нигарониҳоро бештар кардааст.

Тарҳи нави қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диниро ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон ба тасвиб расонд ва он боиси нигаронии бархе созмонҳои динӣ ва дифоӣ аз ҳуқуқи инсон дар дохил ва хориҷи кишвар шуд. Таҳлилгарон дар хориҷ ва дохили Тоҷикистон ин қонунро чаҳоручӯби маҳдудкунандаи озодии эътиқод унвон карда буданд.

Оё назари мардум ба ин қонун ва мавридҳои иҷрои он дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? Дар ин робита мо аз чанд масҷиди ҷомеи шаҳри Душанбе динан кардем ва бо намозгузорон сӯҳбат намудем.

Ширкати намозгузорон дар намози пешини рӯзи душанбе дар масҷиди марказиии пойтахти Тоҷикистон маъмулӣ ба назар мерасид ва дохили масҷид барои шумори намозгузорон кофӣ буд. Аммо бархилофи рӯзҳои намози ҷумъа, ки бо иллати кифоят набудани ҷои намозгузорӣ аксаран мардум дар саҳни ҳавлӣ, роҳравҳо ва ҳатто хориҷ аз дарвозаи ин масҷид намоз мегузоштанд, ширкати намозгузорон фаъол набуд. Ва дар ин теъдоди начандон зиёди намозгузорон афроди солхӯрда, ҷавонон, наврасон ва ҳатто бархеҳо бо либосҳои низомиву милитсия ва варзишӣ шомил мешуданд.

Вале дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ, ки бо чанд нафаре аз ин намозгузорон бидуни микрофон анҷом шуд, кадоме ҳозир нашуд, ки нуқоти муҳими қонуни нави дини Тоҷикистонро шарҳ диҳад ва ё иҷро гаштани бандҳои ин қонуни навро собит кунад. Ҳатто дар дар як сӯҳбат муовини имомхатиби масҷиди Имом Тирмизӣ аз тасвиби қонуни нави дини Тоҷикистон изҳори беиттилоӣ кард ва аммо гуфт, феълан ҳеҷ дигаргуние дар шеваи ширкати намозгузорон ба мушоҳида намерасад ва кадоме аз мақомот дар робит ба масъулини ин масҷид дастуре ҳам ироа накардаанд.

Масҷиди ҷомеи Сариосиёи Душанбе воқеъ дар канори шимоли Душанбе низ камодам буд, зеро замони ташрифи хабарнигори Озодӣ ба ин масҷид вақти намоз набуд. Вале ба ҳар сурат теъдоде аз намозгузорон дар саҳни масҷид машғули сӯҳбат буданд ва назари худро ба иҷрои қонуни нави Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ баён карданд.

Нусратулло Вализода, сокини Душанбе ва намозгузори масҷиди Сариосиё, аз афзоиши теъдоди намозгузорон дар ин авохир дар масҷиди Сариосиёи пойтахт сӯҳбат кард ва сабабро ҳам дар бастани чанд масҷиди хурд дар атрофи ин маҳалла шарҳ дод. Вале гуфт, саҳни ин масҷид васеъ ва барои шумори аз ҳозира бештари намозгузорон кофӣ аст ва ҳоҷати дар намози ҷумъа хориҷ аз масҷид намоз гузоштан нест.

Дар намози ҷумъаи гузашта дар бархе аз масҷидҳои шаҳри Душанбе ҳодисаҳои манъи намозгузорӣ дар хориҷ аз масҷид аз сӯи мақомоти интизомӣ ба мушоҳида расидааст ...
Аммо ин дар ҳолест, ки намози ҷумъаи гузашта дар бархе масоҷиди шаҳри Душанбе, ки дар он масоҷид ҷамъияти намозгузорон зиёд ҷамъ мешаванд, ҳодисаҳои манъи намозгузорӣ дар хориҷ аз саҳни масҷид аз сӯи мақомоти интизомӣ ба мушоҳида расидааст. Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, мақомоти интизомӣ як рӯз ба баъд аз тасвиби тарҳи қонуни нави Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ аз сӯи раисҷумҳур намозгузорӣ дар хориҷ аз саҳни масоҷиди Имом Бухорӣ ва Яккачинорӣ Душанбе манъ карданд.

Ба қавли ӯ, қонуни нави Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ хеле маҳдудкунанда аст ва намозгузориро танҳо дар дохили манзил ва масоҷид иҷоза медиҳад. Дар сурати ғайр, ба гуфтаи вай, намозгузорӣ дар хориҷ аз ин ду маҳалли ишоратшуда ғайриқонунӣ ва ҷиноят унвон мешавад. Оқои Ҳусайнӣ ҳамчунин ба маҳдуд кардани синну соли намозгузорон дар масоҷид, ки дар қонуни нав пас аз 18-солагӣ муқаррар шудааст, нигаронӣ кард ва озодии фарзандон дар таълими улуми диниро бемантиқ хонд.

Ин ҳам боз дар ҳолест, ки масъулини вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин тарҳи қонунро мукаммал ва ба замона мувофиқ унвон мекунанд ва мегӯянд, қонуни нав ҳузур ва фаъолияти созмонҳои диниро назорат карда ва вуруди адабиёти мазҳабӣ аз хориҷ ба Тоҷикистонро ба низом медарорад. Ҳамчунин ин қонуни нав, ба гуфтаи муаллифонаш, таълимоти диниро ба низом меорад ва ин қонун танҳо ба масоҷиди ҷомеи марказӣ иҷоза медиҳад, ки ба хотири таълими усули дин гурӯҳҳо ташкил кунанд.

Тарҳи қонуни нави Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ аз соли 2007 ба ин сӯ дар Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасии коршиносон ва созмонҳои диниву ҳуқуқи башар қарор дошт. Қонуни қаблӣ, ки ҳанӯз соли 1990 қабул шуда буд, замони фаъол будан шаш бор тағйиру иловаҳо дидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG