Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни Австралия фармондеҳи Толибонро куштанд


Низомиёни Австралия дар амалиёти муштарак бо низомиёни афғон яке аз раҳбарони аршади ҷунбиши “Толибон”-ро ҳадафи тир қарор доданд. Ба иттилоъи вазорати дифоъи Австралия, дар амалиёти ахир Мулло Абдул Барӣ, ҳамоҳангсози ҳамлаҳо дар вилояти Урузгон, ҳамроҳ бо чанд толиби дигар кушта шуданд. Гуфта мешавад, ки Мулло Абдул Барӣ маргталабонро барои ҳамла омода мекард, шаҳрвандони хориҷиро тамрин медод ва мухолифини ҳукуматро бо силоҳ таъмин мекард. Дар вилояти Урузгон беш аз ҳазор низомӣ аз Австралия мустақаранд.
XS
SM
MD
LG