Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ва Медведев бори аввал музокирот мекунанд


Раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Иёлоти Муттаҳида вориди Лондон шуданд. Қарор аст имрӯз дар ин шаҳр нахустин мулоқоти Дмитрий Медведев ва Барак Обама доир шавад. Музокироти онҳо чун гоми нахуст дар беҳбудсозии равобити миёни ду кишвар арзёбӣ мешавад. Дар ин гуфтушунид Обама ва Медведев, аз ҷумла, мубориза бо бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва мавзӯъи коҳиши силоҳи стротегиро баррасӣ мекунанд.
Рӯзи панҷшанбе Дмитрий Медведев ва Барак Обама дар нишасти сарони 20 кишвари пешрафтаи саноатии олам ширкат хоҳанд кард. Дар ин нишаст роҳҳои ҷилавгирӣ аз жарфтар шудани бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ баҳсу баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG