Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости раҳоии фаврии раҳбарони "ЮКОС"


Гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ходимони ҷамъиятӣ, ҳуқуқдонҳо ва хабарнигорони Русия озодии фаврӣ ва қатъи парвандаи ҷиноии Михаил Ходорковский ва Платон Лебедевро талаб карданд. Дар изҳороте, ки зери он беш аз 40 нафар имзо гузоштаанд, ба фармоишӣ будани парвандаи ҷиноии раҳбарони собиқи ширкати нафтии “ЮКОС” таъкид шудааст. Муаллифони изҳорот навиштаанд, ки ҳама гуна ҳукми нав дар баробари Ходорковский ва Лебедев ба умедҳо аз волояти қонун дар Русия зарбаи марговар хоҳад зад.
Дирӯз додгоҳи Хамовникии Маскав ба бозрасии айбномаҳои нав алайҳи Ходорковский ва Лебедев шурӯъ кард. Онҳо дар яғмои 25 миллиард доллар сармояи ширкати “ЮКОС” айбдор мешаванд ва дар сурати таъйиди иттиҳом ҳарду барои 22 солии дигар равонаи зиндон хоҳанд шуд. Аз ин пеш додгоҳ Ходорковский ва Лебедевро барои ҷиноёти иқтисодӣ ба ҳашт солии зиндон маҳкум карда буд.
XS
SM
MD
LG