Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбарони сӯиқасд ба ҷони Ямадаев


Дар Дубай бо гумони сӯиқасд ба ҷони Сулим Ямадаев чанд нафар боздошт шуданд. Дар ин бора раиси полиси шаҳр генерал Доҳӣ Халфон Тамим хабар дод ва афзуд, ки ҷасади Ямадаев ба пайвандонаш супурда шудааст. Тибқи хабарҳо, фармондеҳи собиқи чечен, ки рӯзи шанбеи гузашта ҳадафи сӯиқасд қарор гирифта буд, рӯзи душанбе дар як бемористони Дубай аз олам даргузашт. Дар ҳамин ҳол Сергей Красногор, Консули генералии Русия дар Дубай ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ на шиноснома ва на ҷасадро надидааст ва аз рӯ наметавонад тайъд кунад, ки шахси кушташуда шаҳрванди Русия Сулим Ямадаев аст. Дирӯз бархе нашрияҳо бо такя ба табибон дар Дубай хабар доданд, ки Сулим Ямадаев зинда ва аммо вазъаш сангин аст.
Моҳи августи соли гузашта Қаҳрамони Русия Сулим Ямадаев баъд аз низоъ бо раисиҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров аз мақоми фармондеҳи баталёни “Шарқ” барканор шуд ва баъдан ҷумҳуриро тарк намуд. Моҳи сентябри соли гузашта дар маркази Маскав бародари ӯ, собиқ вакили Думаи давлатӣ Руслан Ямадаев аз тири афроди номаълум кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG