Пайвандҳои дастрасӣ

Михаил Ходорковский бо айбномаҳои нав рӯбарӯст


Додгоҳи Маскав ба баррасии айбномаҳои нав зидди соҳибкори маҳбус ва мунаққиди Кремлин, Михаил Ходорковский, шурӯъ кард. Ходорковский ва шарики ӯ, Платон Лебедев масъули рабоиши 25 миллиард доллари ширкати Юкос дониста шуданд, ки баъдан пароканда гардид. Ходорковский дар изҳороте, ки имрӯз дар додгоҳ қироат кард, муҳокимаро то замоне ки айбдоркунандагони давлатӣ иваз нашаванд, ноодилона номид. Вакилони ӯ парвандаро сиёсӣ меноманд ва мегӯянд, аз сарвазир Владимир Путин хоҳанд хост, ки ҳамчун шоҳид дар муҳокима ширкат кунад. Ходорковский, ки замоне сарватмандтарин соҳибкори Русия ба шумор мерафт, ҳамроҳ бо Лебедев ба ҳашт солии зиндон маҳкум шудаанд, вале агар айбномаи нав ба исбот расад, ин мӯҳлат то 22 сол тамдид хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG